Validity period: 17/03/2023 - 31/03/2023
Duty Station: н.Ҷомӣ
Ёвари шӯъба дар филиали н.Ҷомӣ
Department: Дирексияи тиҷоратӣ
Уҳдадориҳои асосӣ:
- Ба шакли стандартӣ таҳия намудан ва чоп кардани ҳама намуди шартномаҳо;
- Фаҳмонидани ҳамаи шартҳо, уҳдадориҳои тарафҳо ба мизоҷон ва шахсони алоқаманд;
- Ба файл ҷойгиркунӣ ва архивонидани ҳуҷҷатҳо
- Санҷиши пуррагии ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар парвандаи қарзӣ/амонатӣ;
- Санҷиши дуруст пуркунии варақаҳое, ки парвандаи қарзӣ/амонатӣ дар бар гирифтааст;
- Ислоҳ ва тасҳеҳи ҳамаи камбудиҳои ошкоршуда ва риоянашавӣ дар парвандаи қарзӣ/амонатӣ (дар шакли электронӣ ва чопӣ/коғазӣ);
- Пешбурди баҳисобгирии парвандаҳои қарзӣ/амонатӣ тибқи расмиёти тасдиқгардида;
Талабот нисбати номзадон:
- Таҳсилоти олӣ (таҳсилоти олии нопурра мумкин аст)
- Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забони узбеки хуш пазируфта мешавад)
- Дониши барномаҳои компютерӣ: Word, Excel, Internet Exp. Ва ҳоказо.
- Малакаҳои аълои муошират ва ташкилӣ
- Дақиқкорӣ, покизакорӣ ва масъулият
- Маҳорати кори дастаҷамъона
- Қобилият зудомўзӣ.
- Ташаббускорӣ.
Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 31 марти соли 2023 ба суроғаи ноҳияи Ҷомӣ, кӯч. Сомониён, идораи ТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот: (+992) 93 572 12 52