14 феврали соли 2022 ифтитоҳи филиали нави ҶДММ ТАҚХ ФИНКА дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки ин як қадами муҳим дар самти васеъ намудани шабакаҳои Филиалҳои ширкат ва рушди он мебошад.
Идораи бароҳату замонавӣ дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе ҷойгир буда, истифодаи хизматрасониҳои Ширкатро барои мардум қулайтар мегардонад. Ба чорабинӣ намояндагони Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикон ва мизоҷони ширкат даъват шудаанд.
«Ифтитоҳи Филиали нав ба мо имконият медиҳад, ки пешниҳоди хизматрасониҳои молиявиро дар шаҳри Душанбе афзун гардонида, арзишҳои муҳимро ба мисли самимият, эътимод ва масъулияти бонкӣ ҳангоми муомила бо мизоҷон нишон диҳем. Ин ҳам тасдиқ ва рушди мусбати ширкати мост. Минбаъд мо кӯшиши худро давом медиҳем, то ҳамкории мизоҷон бо мо осон ва қулай бошад, ва нақша дорем, ки дар ин самт пайваста рушд кунем», – зикр кард директори генералии ҶДММ ТАҚХ ФИНКА КИМ С.Н.