ШЎРОИ НОЗИРОНИ ФИНКА ТОҶИКИСТОН
Шўрои нозирони ФИНКА Тоҷикистон дорои сатҳи баланди дониш ва саъйу кўшиш дар бобати пешниҳоди дастрасӣ ба хизматрсониҳои боэътимоди молиявӣ мебошад.

Чикако Куно
РАИСИ ШӮРОИ НОЗИРОН
Чикако Куно
Хонум Куно инчунин дар Корпуси Сулҳ дар Чилӣ ва Гандурас ихтиёрӣ хизмат намудааст. Ӯ соҳиби дараҷаи Магистри иқтисоди байналмилалӣ дар Мактаби Тадқиқоти Пешқадами Муносибатҳои Байналмилалӣ дар назди Донишгоҳи Ҷон Хопкинс ва дараҷаи бакалаври фанҳои гуманитарӣ дар Донишгоҳи Каролинаи Шимолӣ дар Чапел-Хилл мебошад.

ИБРОХИМОВА МАЛИКА
ЧЛЕН НАБЛЮДАТЕЛЬНОГО СОВЕТА
ИБРОХИМОВА МАЛИКА
Через пять лет она покинула проект GIZ в качестве главного эксперта, чтобы получить степень магистра в области финансов в США. После окончания МВА в Кентском государственном университете в 2011 году Малика присоединилась к Швейцарскому офису сотрудничества в Таджикистане. В настоящее время она продолжает работать старшим национальным координатором программы, ответственным за экономический сектор. Она руководит целым рядом 12 проектов развития в таких областях, как развитие финансового сектора, финансовая инфраструктура, электронное цифровое финансирование, доступ к финансам, финансовая доступность, консультирование малых и средних предприятий, благоприятная деловая среда, содействие торговле, развитие текстильной промышленности и туризма, ускорение бизнеса и инкубация, макроэкономическое развитие, фискальная политика, управление внешним долгом, осуществляемая многосторонними организациями и организациями ООН.
Малика заканчивала образовательные и неспециализированные программы в колледжах, университетах и бизнес-школах Таджикистана, Узбекистана, США и Франкфуртской школы финансов и менеджмента.

Даниэл Берг
РАИСИ ШӮРОИ НОЗИРОН
Даниэл Берг
Вай ба Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд шомил гардида, cараввал дар ҳайати Шӯрои директорон, ки ба Иёлоти Муттаҳида хизмат мекунад ва баъдан дар департаменти бонкӣ ифои вазифа намуд.
Баъдан, ба ғайр аз Лондон, Даниэл фаъолияти худро дар чунин кишварҳо, ба монанди Қазоқистон, Қирғизистон, Албания, Булғория ва ниҳоят, дар Сербия анҷом додааст. Дар ин муддат, ӯ бисёр вазифаҳои идоракуниро иҷро кард, мавриди ба итмом расидани фаъолияташ дар БАТР ӯ сарварии як гурӯҳи 45 нафараи мутахассисон ва сандуқи тақрибан 4 миллиард евроро ба зимма дошт. Ҳангоми фаъолият дар БАТР, Дэн узви Шӯрои директорони ширкатҳо буд, аз ҷумла дар бахшҳои суғурта, бонкдорӣ, энергетика ва амвол. Пас аз анҷомёбии фаъолият дар БАТР, Дэн вазифаҳои гуногуни машваратиро ба ўҳда гирифта, асосан ба рушди устуворӣ таваҷҷўҳ зоҳир кардааст.

ҶЕРОЛД СМЕЛСЕР
РАИСИ ШӮРОИ НОЗИРОН
ДЖЕРОЛЬД СМЕЛСЕР
Дар тўли собиқаи худ Ҷерролд чӣ дар ташкилотҳои маблағгузории хурди босуръат инкишофёбанда ва чӣ дар ташкилотҳои ниёзманд ба тағйиротҳои молиявӣ, бо вуҷуди шароитҳои ноустовори бозор фаъолият намудааст. Ба ў таъсис додани дастаи баландихтисоси мутахассисон ҷиҳати таҷдиду тағйир додани ташкилот, иҷрои масъалаҳои мураккаби стратегӣ, ҷорӣ намудани маҳсулотҳо/ хизматрасониҳои нав ва беҳбудӣ бахшидан баҳри иҷрои нишондиҳандаҳои муҳими самаранокӣ ба зудӣ муяссар мегардад. Ҷерролд ба ҳама гуна муҳит ба осонӣ мутобиқ мешавад ва дар доираи васеи фанҳои функсионалӣ, аз он ҷумла, мавқеи роҳбарияти иҷроия ва шўрои нозирон бобарор аст.
Ҷерролд ба ду ташкилоти фаръии FINCA Impact Finance Авруосиё, ки дар бахшҳои макроиқтосодӣ ва молиявӣ гирифтори бўҳронҳо гардида, ба беҳбудиёбии фаврии бизнес-модел ниёз доштанд, дастгирии иҷроия расонидааст. Дар доираи фаъолияти худ Ҷерролд ба гурўҳи иҷроияи FINCA Озорбойҷон оид ба масъалаҳои банақшагирии стратегӣ, таҳияи равандҳо ва татбиқи кўшишҳо вобаста ба тағйири муносибат нисбати фаъолият машваратҳо пешкаш намудааст, ки боиси натиҷаҳои баланд гардиданд. Ҷерролд ҳамзамон вазифаи Директори иҷроияро муваққатан дар FINCA Тоҷикистон ба ўҳда дошт, ки пас аз ворид намудани тағйиротҳои зиёди сохторӣ, дар муддати кўтоҳ натиҷаҳои молиявӣ рў ба беҳбудӣ ниҳода, боиси ноилшавӣ ба даромаднокии моҳона ва солона гардиданд.
Ҷерролд инчунин вазифаҳои баланди роҳбарикунандаро ба зимма дошта, барои кўмак дар таъсис додани Бюрои аввалини қарзии Тоҷикистон ва пешниҳоди машваратҳои гуногун барои ассосиатсияҳои молиявии хурд ва муассисаҳои молиявӣ дар банақшагирии стратегӣ, машварати иҷроия, идоракунии хавфҳо, баланд бардоштани арзиши аслӣ ва самаранокӣ дар асоси фаъолият сазовори эътибори хоса гаштааст.
Ҷерролд дар донишгоҳҳои Австрия, Франция, Шветсия, ИМА таҳсил намудааст; ба зиёда аз 70 кишвар ташриф овардаас; дорандаи M.B.A. Thunderbird School of Global Management.
Зар Вардак
РАИСИ ШӮРОИ НОЗИРОН
Зар Вардак
SimSim дар соли 2016 оғоз ёфт ва ба густариши дастрасӣ ба хадамоти молиявӣ дар Покистон мусоидат кард ва ҳамзамон ФИНКА-ро дар сафи пешбарони навовариҳои технологияҳои молиявӣ нигоҳ дошт.
Зар қаблан ба ҳайси Директори генералии ФИНКА Афғонистон ифои вазифа мекард. Таҳти роҳбарии ӯ, ширкат тавонист дар давоми се сол ба рушди устувор ноил гардад. Ӯ қарорҳои маблағгузории хурди судмандро мутобиқ бо шароити маҳаллӣ татбиқ намуд – бахусус, ФИНКА Афғонистон аввалин ташкилоти маблағгузории хурд дар кишвар буд, ки хизматрасониҳои банкинги исломиро пешниҳод менамояд. ФИНКА Афғонистон дар айни замон ба беш аз 25,000 мизоҷон дар 21 филиал дар саросари кишвар хизматрасонӣ мекунад, ки ин дар натиҷаи кори пурсамар ва бомуваффақияти Зар ба ҳайси Директори генералӣ ба амал омадааст.
Қабл аз пайвастан ба ФИНКА, Зар ба ҳайси мушовир дар соҳаи хизматрасониҳои молиявӣ дар Афғонистон ва қабл аз он Директор оид ба интегратсияи фурӯши минтақавӣ дар Ситибанки Техас кор мекард. Вай дорои унвони бакалаврӣ дар соҳаи тиҷорати байналмилалӣ аз коллеҷи ҷанубу ғарбии Канзас ва магистрӣ дар соҳаи амалиёти сулҳ аз Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон дар Фейрфакси Вирҷиния мебошад.
Зар инчунин раиси Ассотсиатсияи маблағгузории хурди Афғонистон ва раиси Раёсати ФИНКА дар Урдун, Афғонистон, Покистон ва Косово мебошад.
ГУРЎҲИ ИДОРАКУНАНДАИ ФИНКА ТОҶИКИСТОН
Ҳайати роҳбарият дорои таҷрибаи ғанӣ, малакаҳои касбӣ ва кордонию салоҳият дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти касбӣ мебошад.

СЕРГЕЙ КИМ
ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛӢ
СЕРГЕЙ КИМ
Сергей фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун таҷрибаомӯз дар идораи марказӣ дар Вашингтон соли 2005 оғоз кардааст. Аз соли 2006 ба ҳайси Директори Филиал ва Роҳбари минтақавӣ дар ФИНКА Қирғизистон, Косово ва Тоҷикистон адои вазифа намудааст. То шомилшавӣ ба ФИНКА, шурўъ аз соли 1998, дар доираи Барномаи Рушди СММ дар лоиҳаҳои маблағгузории хурд дар Ўзбекистон иштирок намуда, ҳамчун коршиноси қарзӣ, ёвари лоиҳа, ҳамоҳангсози тренингҳо ва роҳбари идоракунии лоиҳаҳо фаъолият намудааст.
Таҳсилот: олии иқтисодӣ аз рўйи ихтисоси «Молия ва Қарз», дараҷаи магистр дар бахши рушди байналмилалии Донишгоҳи Денвер, Колорадо ИМА. Ў дар Stonier Graduate School of Banking (курсҳои олии бонкдории Стониер) таҳти роҳбарии Ассосиатсияи бонкҳои Амрико дар назди Донишгоҳи Пенсилвания, Филаделфия, ИМА аз Сертификатсияи касбӣ гузаштааст.

Амид Ташрифбеков
ОПЕРАЦИОННЫЙ ДИРЕКТОР
Амид Ташрифбеков
Амид имеет диплом по финансам и кредитам Хорогского государственного университета и степень MBA Берлинского университета Штайнбайса. Он является сертифицированным экспертом в области финансирования малого и среднего бизнеса Франкфуртской школы менеджмента и сертифицированным коллегой Института цифровых границ.
В течение 3 лет, до 2019 года он был членом Совета директоров AMFOT, а в настоящее время является финансовым и банковским Советником Таджикско-Британской Торговой палаты и членом Совета директоров Центрально-азиатской фондовой биржи Таджикистана.

ДАДАБАЕВ ФИРДАВС
САРДОРИ ШУЪБАИ ҲУҚУҚӢ
ДАДАБАЕВ ФИРДАВС
Собиқаи кории Фирдавс дар соҳаи ҳуқуқ фаъолиятро дар ташкилотҳои гуногун, ҳам дар мақомоти давлатӣ ва ҳам дар ташкилотҳои ғайридавлатӣ 18 солро дар бар мегирад.
Фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун мутахассиси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда, ў дар муддати кўтоҳ ба ҳайси роҳбари Саридораи муносибатҳои байналмилалии Вазорати адлияи ҶТ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Мавриди адои вазифа ба ҳайси мушовири ҳуқуқӣ дар лоиҳаҳои GIZ ва созмонҳои бузурги байналмилалӣ, инчунин зимни фаъолият дар воҳиди сохтории Вазорати мудофиаи Россия дар Тоҷикистон низ, Фирдавс нисбати фаъолияти худ муносибати гуногунҷанбаро ба кор бурда, таҷрибаи ғании худро дар амал татбиқ менамуд. Ғайр аз ин, Фирдавс дар соҳаи меҳмонхонадорӣ низ таҷрибаи корӣ дошта, бо меҳмонхонаи «Шератон» ва минбаъд «Хилтон» дар Тоҷикистон ҳамчун мушовири ҳуқуқӣ дар ҳамкорӣ қарор дорад.
Ў бо ифтихорномаҳои гуногуни ташкилотҳое, ки он ҷо фаъолият намудааст ва бо медали Вазорати адлияи ҶТ мукофотонида шудааст. Дорои рутбаи Мушовири адлияи дараҷаи 1 мебошад.
Ҳаммуаллифи китобҳо ва муаллифи як қатор мақолаҳо оид ба масъалаҳои ҳуқуқ мебошад. Дорои таҷрибаи фаъолияти омӯзгорӣ дар макотиби олии ҶТ аст.
АБУНАСР ШАРИФОВ
РАИСИ МОЛИЯ
АБУНАСР ШАРИФОВ
Абунаср Шарифов дорои таҷрибаи 27 -сола дар низоми бонкӣ мебошад, ки 19 соли он дар ҷодаи роҳбарӣ дар соҳаи Молия, Хазинадорӣ ва Бонкдорӣ масраф шудааст. Ӯ дорои таҷрибаи васеи менеҷмент, аз ҷумла менеҷменти молиявӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботдиҳӣ ва идоракунии фаъолият мебошад. Қаблан дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда, аз ҷумла сармуҳосиб, сардори молия, хазинадорӣ ва амалиёти бонкӣ ва муовини Раиси Раёсат дар бонкҳои пешбари Тоҷикистон – “Амонатбонк”, “Спитамен Бонк” ва “Аввалин Бонки Молиявии Хурд” адои вазифа кардааст.
Абунаср Алиевич дорои дипломи молияи факултаи Молия ва иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, диплом аз фанни математика аз Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, муҳосиб-амалкунандаи сертификатдори Шӯрои муҳосибон ва аудиторони тасдиқшудаи Авруосиё ва иштирокчии тасдиқшудаи Барномаи шарикии Бонки миллии Тоҷикистон ва Хазинаи амонатҳо барои ҳамкории байналмилалии Finanzgruppe мебошад.