ВАЗИФА ВА ДИДИ ТАШКИЛОТ

Вазифаи FINCA – ин паст кардани миқёси камбизоатӣ бо роҳи қарорҳои дарозмӯҳлат мебошад, ки ба мардуми камдаромад барои таъсис додани дороиҳо, ҷойҳои нави корӣ ва беҳбудӣ бахшидани сатҳи зиндагии онҳо кӯмак мерасонад.

Диди ФИНКА – ин таъсис додани шабакаи глобалии корхонаҳои устувор ва миқёсан калони иҷтимоӣ мебошад, ки боиси беҳбудӣ ёфтани сатҳи зиндагӣ дар саросари ҷаҳон мегардад.

ТАШКИЛОТ

Шабакаи FINCA, ки қароргоҳи  он дар Вашингтон, дар Округи Колумбия ҷойгир шудааст, зиёда аз 2.6 миллион мизоҷро дар 20 ширкатҳои фаръӣ, воқеъ дар Африка, Авруосиё, Осиёи Наздик ва Америкаи Лотинӣ дар бар мегирад. Ташкилоти мо – яке аз онҳост, ки дар байни шабакаҳои маблағгузории хурди замони муосир аз ҷиҳати фарогирии соҳавӣ ҳамаҷониба ва вусъатёфта мебошад.