Низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ маҷмӯи чораҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорон ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилотҳои қарзии узви Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мебошад.

Ҳадафи низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ таъмини суботи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ мебошад.

Асосҳои фаъолияти низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” танзим карда мешавад. Бо мақсади таъмини самаранокии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) фаъолият менамояд. Хазина пардохти ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорон ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ пардохт менамояд, феҳристи ташкилотҳои қарзӣ-узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеиро пеш мебарад, баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии пардохтҳоро аз ташкилотҳои қарзӣ амал менамояд.

Мақсадҳои Хазина инҳоянд:

  • Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта;
  • Таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маълумот дар бораи мо:

Суроғаи Хазина: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, кӯчаи Маяковский 77/2

Телефонҳо барои Тамос: +992 44 600-32-45

Суроғаи электронӣ: info@idif.tj

Cомонаи Хазина: www.idif.tj