FINCA Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Саводнокии молиявии», бо дастгирии Гурӯҳи бонки Ҷаҳонӣ: IFC дар мавзӯи мубрами рӯз “Рушди пасандозҳои шахсӣ” тренинг гузаронд. Ҷамъомад барои кормандони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ташкил карда шуд. Аз иштироккунандагон аввалин фикру мулоҳизаҳои мусбат гирифта шуданд, ки аҳамият ва зарурияти кор бо аҳолиро дар ин самт нишон медиҳанд. Саводи молиявии мизоҷон – гарави пешрафти муваффақонаи ташкилоти молиявӣ мебошад!