9 ноябри соли  2018 тренинг оид ба баланд бардоштани саводнокии молиявӣ гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ донишҷӯёни соли 2-юми факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ширкат варзиданд. Дар доираи тренинг масъалаҳои  муайян кардани ҳадафҳои молиявӣ ва банақшагирии буҷаи худ ва буҷаи оилавӣ баррасӣ карда шуд. Дар мисоли як оилаи миёнаҳоли тоҷик вазифаҳои тақсимоти оқилонаи буҷети оилавӣ ҳаллу фасл карда шуданд. Донишҷӯён бо истифода аз мисолҳои воқеии худ хароҷот ва роҳҳои имконпазири сарфаи маблағҳои шахсиро барои эҳтиёҷоти муҳим муайян карданд.  Ин тренингҳо бо дастгирии FINCA дар доираи лоиҳаи IFC оид ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

Мо ба роҳбарияти Донишгоҳи Тиҷорат барои имкони ҳамкорӣ ташаккур мегӯем.