РУШДИ СОҲИБКОРӢ
Кўмаки FINCA баҳри амалисозии тағъиротҳои муҳим дар ҳаёт.

Дар бораи фаъолияти ФИНКА дар Тоҷиикистон Нафисахон Ҷумабоева аз намояндагони Ташкилот дар минтақаи Шимол ҳангоми ҷалби оммавии муштариён дар бозоре, ки он ҷо бо фурўши матоҳо барои дўхтани кўрпача машғул буд, бохабар гардид. Биёед аввал каме бифаҳмем, ки кўрпача чист.

Кўрпача дастӣ тайёр карда мешавад. Аввал миқдори муайяни пахта омода карда мешавад, сипас онро ба даруни абра ва астаре, ки пешакӣ аз матоъ дўхта мешаванд, ҷойгир мекунанд ва бори дигар онро дастӣ лаганда мекунанд. Астари кўрпача аз матои пахтагини ранга, кабуд, сурх ё сабз бо нақшу нигори майдагул дўхта мешавад. Абраи кўрпача аз матои барахти сернанақшу нигори рангоранг (асосан ин як навъ нақшу нигори такрорёбанда аст), аз ҷумлаи бахмал дўхта мешавад. Нишастан дар кўрпача дар назди мизи пастакаки (хонтахта) бо дастархон густурдашуда, нўшидани чой, тамошои телевизор ва сўҳбати гуворо бо аҳли хонавода ва ё дўстон як лаззате дорад.

Пас аз вохўрӣ бо кормандони ФИНКА Тоҷикистон, Нафисахон аввал бо шавҳараш маслиҳат намуда, барои қарзгирӣ аз ФИНКА қарор кард.

Нафисахон аз соли 2013 бо ФИНКА Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад ва аллакай давраи панҷумин аст, ки аз хизматрасонии ташкилот барҳраманд мегардад.

Маблағи қарзи аввалини ў 5.000$ -ро ташкил медод. Ин маблағ барои пурра кардани сармояи корӣ, инчунин барои таҷлил намудани тўйи хонадоршавии духтараш аз ҳисоби қисми муайяни фоидаи бадастомада равона карда шуд.

Ба туфайли қарзҳо ва ҳамкории бомуваффақият бо ФИНКА, соҳибкории Нафисахон босуръат рушду вусъат ёфт. Акнун ў тавонист, ки навъҳои маҳсулотро зиёд ва нуқтаи савдои худро васеъ намояд ва боз мизоҷони нав пайдо кунад.

Айни ҳол Нафисахон Ҷумабоева дар бозори савдои яклухти «Атуш» ду контейнер дорад. Барои ба роҳ мондани савдо дар яке аз нуқтаҳои фурўш шавҳари худро низ ҷалб намудааст. Молро аз кишвари ҳамсояи Ўзбекистон меоранд.

Охирин дафъа маблағи қарзи гирифтааш 30.000$ -ро ташкил медод. Ин маблағ низ барои гардиши калони мол пешбинӣ карда шудааст. Ҳоло бошад, Нафисахон бо шавҳараш дар ҳамаи бозорҳои вилояти Суғди Тоҷикистон савдои яклухти маторо ба роҳ мондаанд.

«Ба шарофати ФИНКА ман тавонистам, ки кори пешакардаи худро то вазъи кунунӣ инкишоф, диҳам. Илова бар ин, дар оилаи ман рўйдодаҳои муҳиме барпо гардиданд: тӯйи духтарам, таваллуди набера ва таҳсили писарам. Ва ҳамаи ин дастовардҳо бевосита бо ташкилоти шумо вобаста буд» — хушнудона мегўяд Нафисахон Ҷумабоева.