БАРОИ АФЗОИШИ ГАРДИШИ МОЛ
Чӣ тавр қарзҳои хурд ҳаёти одамонро тағйир медиҳанд.

Худоиева Оиста дар Помир, Тоҷикистон таваллуд ёфтааст. Соли 1979 вай бо як сокини ноҳияи Қумсангир хонадор шуд ва то ҳол дар деҳаи Дӯстӣ зиндагӣ мекунад.Ў чор фарзанд дорад: се духтар ва як писар. Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ вай шавҳарашро гум кард, шавҳараш бедарак ғайб зад. Қаблан шавҳараш ҳамчун ронанда кор мекард. Оиста бо чор фарзанд танҳо монда буд ва хеле душворӣ мекашид. Барои устувор ба пой гузоштани кӯдакон, вай қарор кард, ки ба соҳибкорӣ шурўъ намояд (фурӯши равғани пахта).

Худоиева Оиста мегўяд: «Аввалин маротиба ман ба «ФИНКА» Тоҷикистон соли 2010 муроҷиат намудам ва қарзи аввалини худро ба маблағи 2000 сомонӣ гирифтам, пас аз як сол – моҳи августи соли 2011 қарзи дуюми ман аз 3,000 сомонӣ иборат буд. Моҳи июли соли 2012 маротибаи сеюм боз ба маблағи 3,000 сомонӣ қарз гирифтам. Ҳамаи ин қарзҳо барои афзоиш додани гардиши моли соҳибкории начандони калони ман пешбинӣ гардида буданд».

Дар давраи қарзгирӣ аз ФИНКА Тоҷикистон, Худоиева Оиста ҳамаи шартҳои шартномаро боинсофона иҷро мекард, ў боре ҳам пардохтро ба таъхир нагузоштааст ва нисбати ўҳдадориҳои ба зимма гирифтааш хеле бомасъулият аст ва мисли як соҳибкори ҷиддӣ рафтори шоиста дорад. Дар ҳаёти ҳаррӯза бошад, Оиста як зани хеле оддӣ, самимӣ, хушмуомила ва меҳрубон аст.

Ба шарофати соҳибкории начандон калони худ, ки дар ҳамкорӣ бо ФИНКА Тоҷикистон имконпазир гардид, Худоиева Оиста духтаронашро хонадор кард, писари ў бошад, донишҷў ва дар шаҳри Душанбе, дар шўъбаи ғоибона таҳсил мекунад – кори гумрукиро меомўзад. Ҳоло писари Оиста дар Русия кор карда, ба оилаи худ кӯмак мерасонад. Оиста нақшаҳои калон дорад. Вай таъмири хонаро анҷом дода, аллакай девор ва дарвозаи навро насб кардааст. Дар ояндаи наздик, аз рўйи гуфти вай, ният дорад фаъолияти соҳибкориашро вусъат диҳад ва аз ҳама муҳимаш – тўйи арўсии писарашро таҷлил намояд.
Ин саргузашти як зани оддитарини Тоҷикистон аст, ки дар сарнавишти ў душвориҳои зиёд ҷой доштанд ва ў тавонист, ки натанҳо ин мусибатҳоро паси сар кунад, балки ба туфайли дастгирии ФИНКА Тоҷикистон соҳибкории худро барпо намояд. Ин яке аз мисолҳост, ки чӣ тавр қарзҳои хурд ба зиндагӣ ва сарнавишти одамон дигаргуниҳои калон ворид мекунанд.