ХАРИДИ ЧОРВОИ ИЛОВАГӢ
Як рӯз аз ҳаёти мизоҷи оддии FINCA Тоҷикистон.

Ба наздикӣ мо як тадбири аксгирии яке аз мизоҷони оддиии FINCA – Каримова Ҳигматуллоро аз Ёвон баргузор кардем ва кори рўзмарраи ўро тамоми рўз якҷоя бо ў мушоҳида намудем. Чунин ба назар мерасад, ки ў мисли ҳазорон муштариёни дигари FINCA дар Тоҷикистон, як муштарии оддӣ аст, аммо ба ҳар ҳол, вай бо софдилии инсонӣ, самимият ва меҳнатдўстии беандозаи худ таваҷҷӯҳи моро ҷалб намуд. Доираи фаъолияти Ҳигматулло васеъ аст: чорводорӣ (чорвои калони шохдор, гӯсфандпарварӣ ва асппарварӣ), истеҳсол / фурӯши маҳсулоти ширӣ, зироатпарварӣ.

Субҳ. Дар наздикии маркази Ёвон майдонҳои калон мавҷуданд, ки дар яке аз онҳо тақрибан тамоми мавсими гармо аз субҳи барвақт то шом Ҳигматулло бо ҳамроҳии оилааш кор мекард. Дар ин ҷо, вай дар саҳро гандум мекорад, боғчакорӣ низ мекунад, яъне тарбуз мекорад, ҳамзамон говҳои ба наздикӣ харидаашро мечаронад. Хоҷагии асосии Ҳигматулло дар деҳа ҷойгир аст. Дар он ҷо вай рамаи калони гӯсфандон, гову аспон низ дорад. Аммо ҳоло тобистон аст ва тамоми чорво дар чарогоҳ нигоҳ дошта шуда, наздикии тирамоҳ онҳоро ба хоҷагӣ бармегардонанд ва як қисми чорвои хуб фарбеҳшударо фурўхтан мумкин мешавад.

Ҳигматулло чанде пеш якчанд гови калони русиро ба даст овард — «карпатӣ». Маҳз барои хариди онҳо ӯ қарз гирифта буд. Фарқияти онҳо аз говҳои маҳалии мо пеш аз ҳама дар он аст, ки қобилияти ширдиҳии чунин говҳо дар як рӯз 16-20 литрро ташкил медиҳад ва ҷисман хеле калонтаранд. Ӯ аз дастпарвардҳои худ хеле мефахрад, зеро ба туфайли онҳо хонаводааш зиндагии худро пеш мебарад. Шири дўшидашуда ва маҳсулоти аз он омодашударо, ба мисли қаймоқу равған ба сокинони маҳаллӣ мефурўшад. Ҳамин маҳсулотро аҳли хонавода истеъмол мекунад.

Хӯроки нисфирӯзӣ. Барои хӯроки нисфирӯзӣ оши палав, майсаҳои наврасидаи нахўд, ки аз ҷуякҳо ҷамъоварӣ шуда, пухта шудаанд, нонҳои болаззат аз гандумӣ худӣ, меваи тути аз дарахт чидашуда, ки дар сояи он хонаводаи калони меҳнатдўст барои як лаҳзаи истироҳат ҷойгир мешавад. « Ҳоло писари калониам дар Русия кор мекунад, ба кӯмаки ӯ ҳанӯз умедвор будан лозим нест ва пайваста бояд кор кунем, то ин хонаводаи калон бо ризқу рўзӣ таъмин бошад» – мегўяд Ҳигматулло.

Чунинанд муштариёни мо, дўстон. Инсонҳои оддӣ, ки меҳнатдўстии онҳо ва боварӣ ба ояндаи нек сазоворӣ эҳтиром аст. Ҳангоми бозгашт, ҳамаи моро ҳисси эҳтиром ва ифтихор аз ҳама корҳое, ки Ҳигматулло мекунад, фаро гирифта буд. Зеро агар теъдоди чунин одамон бештар бошанд, иқтисодиёти Тоҷикистон боз устувор мегардад ва мо ояндаи боэътимод хоҳем дошт.