ХАРИДИ ТАҶҲИЗОТ БАРОИ РУШДИ СОҲИБКОРӢ

Бо дастгирии молиявии ФИНКА, шуғли дӯстдошта боиси эътироф ва даромад мегардад.

Маҳмадова Ҷамила, зани зиндадилу хушҳол, ҳунарманди беҳамто, соҳибхонзан, ҳамсари хушбахт ва модари панҷ фарзанд. Дар хонаи худ бо дўхтани либосҳои миллӣ ва либосҳои саҳнавӣ барои раққосаҳо машғул мебошад.