«БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ»

Дар доираи омӯзиш ва бартараф намудани монеаҳои иҷтимоӣ, ки барои зоҳир намудани худ ҳамчун шахсият халал мерасонанд, инчунин бо мақсади фароҳам овардани имкониятҳои баробари иҷтимоӣ барои татбиқёбии  шахсияти занон ва мардон дар соҳаҳои гуногуни фаъолият ТАҚХ ФИНКА бо дастгирии Иттиҳодияи ҷамъиятии «Гендер ва Рушд» барои кормандони Ташкилот силсилаи тренингҳоро дар мавзӯи “Баробарии гендерӣ” гузаронид.  Дар доираи тренингҳо масъалаҳои ҳамкориҳои байни мардон ва занон, рушд ва ҳуқуқҳои ҳарду ҷинс, роҳҳо ва омилҳои рушди занон, ки ба имкониятҳои занон таъсир мерасонанд, баррасӣ шуданд. ТАҚХ ФИНКА тавассути чунин чорабиниҳо кӯшиш мекунад вазъи ташаккулёфтаро тағйир диҳад ва ҷиҳати татбиқи як қатор чорабиниҳо, ки баҳри беҳбудӣ ёфтани баробарии гендерӣ равона карда шудаанд, водор менамояд. Зарурати ҳамгироии ҷанбаҳои гендерӣ ҷой дорад, ки барои амалисозии он баланд бардоштани имкониятҳои кормандон ва муштариён зарур аст, то ки онҳо дар тамоми давраи идоракунии мо муносибати гендериро самаранок ба назар гиранд, инчунин таъсири сиёсати моро ба мувозинаи гендерӣ арзёбӣ карда тавонанд.