Аз ҷониби Менеҷери барномаи фарогирии занон дар ТАҚХ «ФИНКА»-и Тоҷикистон Гулноза Тоҳировна Солиева дар Муассисаи давлатии «Бизнес-инкубатори Тоҷикистон» Startup Talks баргузор гардид.

Startup Talks 3 феврали соли 2023 дар мавзӯи: «Вусъат додани имкониятҳо барои занон тавассути пасандозҳо» баргузор гардид.

Дар омӯзиш Гулноза Солиева ба иштирокчиён дар бораи имкониятҳои рушди занҳои соҳибкор, принсипҳои пасандозҳо, дар бораи «тороҷгарони пул» ва таҷрибаҳои хуби мубориза бо «тороҷгарони пул» ва инчунин чи тавр ноил шудан ба нақшаҳои мақсадноки пасандозҳо бо ёрии муассисахои молиявй нақл кардааст.

Омӯзиш барои ҳамаи ҳозирин муфид буд. Шунавандагон на танҳо ба мавзӯи тренинг, балки ба Клуби Бонувони FINCA таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намуданд, зеро ин барнома платформаест, ки занонро аз соҳаҳои гуногуни тиҷорат бо мақсади ба даст овардани дониш, такмили фаъолияти соҳибкорӣ муттаҳид мекунад. ихтисос, мубодилаи тачриба ва чустучуи имкониятхои нав.