27 октябри соли 2022 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон чорабинии ифтитоҳи «Клуби бонувони FINCA» дар тамоми филиалҳои FINCA Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ зиёда аз 60 нафар занон ширкат варзида, аксари онҳо аллакай аъзои ин Клуб мебошанд.

Дар оғози чорабинӣ ба иштирокчиён дар бораи фаъолияти “Клуби бонувони FINCA”, дар бораи хусусиятҳо ва натиҷаҳои давраи озмоишии он, ки дар тули 6 моҳ аллакай 340 нафар занон аъзои Клуби мазкур гардиданд, маълумоти муфассал доданд. Сипас, ба ҳозирин имкон дода шуд, ки таҷрибаи тиҷорати муваффақ ва ҳамкориҳои худро бо ТАҚХ FINCA мубодила кунанд.

Дар рафти чорабинӣ, барои занони соҳибкор Бизнес-коннект ташкил карда шуд, ки дар он иштирокчиён дар бораи рушди тиҷорати худ фаъолона муҳокима карданд, таҷрибаи худро мубодила карданд ва ҳатто баъзе аз онҳо барои ҳамкорӣ ва рушди минбаъдаи тиҷорати худ шарик пайдо намуданд.

Ёдовар мешавем, ки «Клуби бонувони FINCA» бо дастгирии Лоиҳаи «Кишоварзӣ ва идоракунии замини Тоҷикистон» дар доираи барномаи «Ғизо барои оянда», ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мегардад, амалӣ шуда, ба дастгирӣ ва рушди соҳибкории занон, баланд бардоштани саводнокии молиявии занон ва таҳкими таъминоти молиявии онҳо нигаронида шудааст.