РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН

Рӯзи байналмилалии маъюбон  мувофиқи қарори 47/3 Ассамблеяи Генералӣ аз 14 октябри соли 1992 ҳамасола 3 декабр дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Ҳадафи он — мусоидат ба ҳуқуқҳои маъюбон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин ҷалби таваҷҷӯҳи кулли ҷомеа ба мушкилоти маъюбон. Ташкилоти мо дар канор намонд ва ин рӯзро дар якҷоягӣ бо тарбиятгирандагони хона-интернат барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар мавзеи Хирманак ҷашн гирифт.  Бо кӯдакони синфҳои аз 1 то 5, презентатсия дар шакли бозии оддӣ дар бораи пул ва молия гузаронида шуд. Кӯдакон маҳорати хуб нишон доданд ва бо шавқи зиёд ба саволҳо ҷавоб медоданд. Инчунин рақсу бозиҳо, расмкашии аҷоиби кӯдакон ва  муҳити созгору мусоид  аз ташрифи онҳо ба планетарий ҳукмфармо буд. Чорабинӣ бо торт ва тӯҳфаҳои идона хотима ёфт. Табассум ва нуру зиё дар чашмони кӯдакон беҳтарин тӯҳфа барои ҳамаи мо буд. #FINCA#мо якҷоя.