Дўстони азиз,

Ана ҳамин тавр, соли нави 2020 фаро расид, ки умедбахши дигаргуниҳои зиёди беҳтарин, шиносоиҳои нав, рушду тараққиёт ва хушбахтиҳои зиёд мебошад.  ТАҚХ ФИНКА, аз рӯи анъанаҳои худ, соли куҳанро дар иҳотаи ҳамкасбонаш гуселонид. Дар доираи ин ҷашн аз ҷониби директори генералии ТАҚХ ФИНКА – Ким С.Н. рӯйдодҳои муҳимтарини Ташкилот дар соли сипаришудаи 2019 қайд гардида,  роҳҳои асосии рушди минбаъда дар соли 2020 муайян карда шуданд. Инчунин ба кормандоне, ки дар дар FINCA  дар муддати 5, 7, 10 сол ва зиёда аз он кор кардаанд, арзи сипос карда шуд.

«Аз номи ТАҚХ ФИНКА мехоҳам ба муштариён, ҳамаи кормандон ва роҳбарияти Ташкилот барои фаъолияти муштарак ва рушди пурсамарашон ташаккур гӯям».

Соли нав муборак дӯстони азиз!