Рӯзи 17 сентябри соли 2022 дар бинои Театри опера ва балет ба номи С.Айнй дар ш. Душанбе 6-ум Форуми Ҳарсолаи Байналмилалии «Ман» баргузор гардид.

ТАҚХ FINCA ҳамчун яке аз сарпарастони 6-ум Форуми Ҳарсолаи Байналмилалии «Ман» шуда, дар чорабиние, ки асоси он дастгирии насли ҷавон ва занон, эътимод ба худшиносии ҳар як шахс ва эътимод мебошад, иштирок намуд.

Форуми Ҳарсолаи Байналмилалии «Ман»  ҳар сол як минбари ташаккули ҷомеаи қавӣ ва арзишҳои афзалиятноки ҳаётӣ – муҳаббат, таҳсилот, касбу ҳунар, идомаи наслҳо мебошад. Якумин маротиба нест, ки Форуми Ҳарсолаи Байналмилалии «Ман» шумораи зиёди иштирокчиёнро гирд меорад.

Ёдовар мешавем, ки Форуми Ҳарсолаи «Ман» соли 2017 таъсиси худро оғоз карда, ғояи он боло бурдани нақши занон дар Тоҷикистон ва ошноӣ бо достони муваффақияти воқеии занон аз бахшҳои мухталифи касбӣ ва баланд бардоштани ҳавасмандии занон дар роҳи муввафақият буд. Вале дере нагузашта Форуми Ҳарсолаи «Ман» мақоми байналмилалиро ишғол намуд ва имрӯз дар он на танҳо ба занон, балки ба тамоми ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.

ТАҚХ FINCA низ мисли Форуми Ҳарсолаи «Ман» ба нақши занон дар ҷомеа ва рушди онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба занон имконият медиҳад, ки дар соҳаҳои гуногуни касбӣ рушд диҳанд ва ба ин васила ҳавасмандии худро барои расидан ба ҳадафҳои худ афзоиш диҳанд.