ҒОЛИБОНИ ИҚДОМИ БУРД АЗ ТАҚХ  «ФИНКА»

Дўстони азиз!

Нимаи июли соли 2019 ТАҚХ «ФИНКА» барои ҳамаи муштариёни нав ва такрории Такшилот  иқдом оғоз намуд. Иштирокчиёни иқдом имконият пайдо карданд, ки яке аз 10 телевизор ё смартфони дилхоҳашонро ба даст оранд.

30 декабри соли 2019 дар Саридораи Ташкилот чорабинии ҷамъбасти натиҷаҳо ва муайян намудани ғолибони иқдом баргузор гардид. Ҳамагӣ  дар иқдом 3867 муштарӣ ширкат варзиданд, ки 10 нафари онҳо аз ҷониби генератори адади тасодуфӣ ғолиб муайян карда шуданд.  Бурд мувофиқи тамоми шароити муқарраршуда ташкил ва гузаронида шуда, ҷараёни муайян кардани ғолибон тавассути радиои “Ватан” ва дар сафҳаи расмии ТАҚХ  «ФИНКА» дар Instagram  бевосита пахш карда шуд. Ғайр аз он, аъзоёни мустақили комиссия даъват карда шуданд, дар ҳайати: Гулноз Ибрагимова, Директори Маркази таълим ва рушди маблағгузории хурд дар Тоҷикистон (АМФОТ), Бехруз Атаев — Сардори шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ ва идоракунии махзани маълумот (КИБТ), Рахматова Зарина – Сардори шуъбаи кор бо кормандони  ҶДММ ТАҚХ «ФИНКА», Атоев Додихудо- Намояндаи  Радиои “Ватан”.