ҶДММ ТАҚҲ ФИНКА (минбаъд “ФИНКА Тоҷикистон”) ин сомонаро бо мақсади иттиллоърасонӣ ба шабакаҳои ФИНКА, таъминкунандагони хизматрасонӣ ва ширкатҳо манфиатдор ба назорати фаъолиятҳои мо ва сармоягузорӣ ё кумак ба мо дар пешниҳоди хадамот ва маҳсулоти пешниҳоднамуда мо идора мекунад. Ҳуқуқи муаллифӣ барои сомона дар маҷмӯъ ва мундариҷаи мавҷуд дар ин сомона мутааллиқ ба ФИНКА Тоҷикистон ё корбари ваколатдор барои тамоми мундариҷаи матн, тасвирҳо, графикаҳо, аксҳо ва маводҳои дар ин сомона мавҷудбуда тавассути як шарик мебошад. Ҳеҷ гуна матн, нусха ё графика дар ин сомона бидуни иҷозати пешакии хаттии ФИНКА Тоҷикистон пурра ё қисман нусхабардорӣ карда намешавад (ба истиснои маълумоте, ки ба таври возеҳ аз доманаи ҷамъиятӣ гирифта шудааст).

ФИНКА Тоҷикистон дастгирии шуморо қадр мекунад ва талош менамояд ҳарими (ҳаёти) хусусиро шуморо ҳифз кунад. Ин изҳорот масъалаҳоеро дар бар мегирад, ки метавонанд нисбати маълумоте, ки корбарони сомонаи мо ба мо пешниҳод мекунанд ва рӯйкарди моро нисбат ба ин масъала ба вуҷуд оварад.

ФИНКА Тоҷикистон талош мекунад, ки ба ҳифзи асрори (махфияти) корбарони онлайнамон эҳтиром гузорад. Мо аз корбарони сомонаамон сабти ном ё пешниҳоди маълумотро барои боздиди сомонаи худ талаб намекунем. Мо аз корбарони сомонаи худ маълумоти шахсӣ ҷамъоварӣ намекунем, агар онҳо инро бо ихтиёри худ ва огоҳона ба мо пешниҳод накунанд. ФИНКА Тоҷикистон ба шумо итминон медиҳад, ки мо маълумоти шахсии ҳар нафареро, ки тавассути ин сомона бо мо тамос мегиранд, махфӣ нигоҳ медорем. Агар шумо оид ба сиёсати махфияти мо ягон савол дошта бошед, лутфан бо мо тамос гиред:

ФИНКА Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон
ш.Душанбе, к. Ҷаббор Расулов 9
(+992) 44 600 2323 (tel.)
Суроғаи электронӣ: hotline@finca.tj

Шумо инчунин метавонед ба почтаи электронии мо паём ирсол намоед, агар шумо:
• Дар бораи маълумоти умумӣ саволҳо
• Шарҳҳо ва назарҳо доред.

Ҷамъоварии маълумот
Тавре ки дар боло зикр кардем, ФИНКА Тоҷикистон барои ворид шудан ба сомонаи мо аз корбарон сабти ном (ба истиснои ҳолатҳои барои сомона хос, ки метавонад сабти номро талаб кунад ё ба корбарон иҷозат диҳад паёмҳо, аксҳо ва дигар мундариҷаи корбарии худро (“Маводи корбарон”), ки бо мақсади пешниҳоди хизматрасонӣ ва ё баррасии дархости пешниҳодкардашуда коркард карда мешаванд) ё ба тариқи дигар пешниҳод кардани маълумоти шахсиро талаб намекунад. Мо маълумоти шахсиро аз шахсони воқеӣ ҷамъоварӣ намекунем, агар онҳо ба таври ихтиёрӣ ба мо пешниҳод накунанд. Мо баъзе аз маълумоти асосии ғайри қобили шиносоиро аз корбарони сомона бо мақсади мушоҳидаи дохилӣ ҷамъ меорем. Ин аз миқдори умумии корбарон, саҳифаҳои дидашуда ва дигар маълумоти ғайри шиносоиро дар бар мегирад. Мо аз ин маълумоти ҷамъоваришуда барои беҳбуди сомонаи худ ва бо мақсади эҷоди таҷрибаи қаноатбахш барои шумо ҳангоми боздид аз сомонаи мо истифода мебарем.
ФИНКА Тоҷикистон номҳои шахсони алоҳида ва номи ширкатҳои онҳоеро, ки дар бораи ФИНКА Тоҷикистон маълумот талаб мекунанд, ҳифз мекунад. Мо метавонем ин рӯйхатҳоро барои тамос бо шахсони алоҳида ва ширкатҳо истифода барем, то муайян кунем, ки оё ягон тамоюл ба сармоягузорӣ ё кӯмак ба мо дар маҳсулот ва хизматрасониҳое, ки пешниҳод мекунем, вуҷуд дорад ё не. Агар шумо мехоҳед ном ё ширкати худро аз рӯйхат хориҷ кунед, то минбаъд дар бораи мавзуи мавриди таваҷҷӯҳи худ савол дарёфт накунед, лутфан ба hotline@finca.tj нависед ё бо рақами дар боло зикршуда ба мо занг занед. Мо бо камоли майл ин тағйиротро ворид хоҳем кард. Мо ба ҳеҷ кас маълумоти тамосро тавассути почтаи электронӣ намефурӯшем ё мубодила намекунем.

Иртибот аз тариқи телефон ё почта
Агар шумо тасмим гиред, ки рақами телефон, суроғаи почтаи электронӣ ё суроғаи почтаи худро ба мо пешниҳод кунед, шумо метавонед вақт ба вақт маълумоти навро дар бораи фаъолияти ФИНКА Тоҷикистон, аз ҷумла огоҳиномаҳо, хабарномаҳо, пешниҳодҳо, ҳисоботи солона ё дигар маводҳоро дастрас намоед. Лутфан тавассути рақамҳои дар боло овардашуда ба мо занг занед ё бо суроғаи дар боло навишташуда бо мо нависед, агар шумо намехоҳед чунин маълумотҳоро тавассути телефон ё почтаи электронӣ hotline@finca.tj ба таври хаттӣ дастрас намоед. Шумо инчунин ҳуқуқ доред дар бораи маълумоти коркардшуда нисбати шумо маълумот гиред ва дар мавриди ислоҳот, навсозӣ, иловагиҳо, масдуд, нест ва ҳазф кардан дархост намоед.

Бахшҳои шуғл ва таҷрибаомӯзӣ
ФИНКА Тоҷикистон аз корбарони саҳифаҳои мо маълумоти тамос (аз қабили ном, суроғаи почтаи электронӣ ва суроға), инчунин маълумоти шахсӣ, аз қабили хулосаи шарҳи ҳол ва мактуби ҳамроҳ дар мавриди шуғл, довталабӣ ва эҳтимоли таҷрибаомӯзӣ дархост менамояд. Ин маълумотро ФИНКА Тоҷикистон танҳо барои мақсадҳои кадрӣ истифода мебарад ва онро бо ташкилотҳои беруна мубодила намекунад.

Мушаххасот
Мо маълумотеро, ки тавассути файлҳои куки ва рӯзномаҳо ҷамъ мекунем, бо мақсади пайгирии афзалиятҳои корбарони мо дар вақти боздид аз сомона, онро нигоҳ медорем, аммо мо маълумоти шахсиро аз тариқи ин воситаҳо ҷамъ намекунем ва маълумоти ҷамъовардаамонро бо шахсони сеюм мубодила намекунем.

Кукиҳо (cookie)
“Куки” як маълумоти хурде аст, ки ҳангоми боздид аз сомонаи мо дар дастгоҳи шумо ҳифз карда мешавад. ФИНКА Тоҷикистон кукиҳоро барои таҳлил ва баррасӣ аз сохтори умумии трафики сомонаи мо ва беҳтар намудани таҷрибаи онлайнии корбарони мо истифода мебарад. Мо файлҳои кукиро барои нигоҳдорӣ ё ҷамъоварии ягон маълумоти шахсӣ истифода намебарем.
Барои маълумоти бештар дар бораи кукиҳо ва тарзи истифодаи онҳо, лутфан ба Сиёсати кукиҳо муроҷиат намоед.

Файлҳои рӯзномаҳо
Мисли аксари серверҳои стандартии сомонаҳо, мо ба таври худкор иттилооти хосеро ҷамъоварӣ ва дар файлҳои рӯзнома захира мекунем. Ин маълумот суроғаҳои Интернет протокол (IP), намуди мурургар (браузер), таъминкунандаи (провайдер) хизматрасони Интернет (ISP), саҳифаҳои истинод/хуруҷ, навъи платформа, қайди сана/вақт ва миқдори кликҳо барои таҳлили равандҳо, мудирияти сомонаҳо, пайгирии ҳаракатҳои корбарон дар маҷмӯъ ва ҷамъоварии маълумоти васеи демографиро дар бар мегиранд. Мо барои таҳлили равандҳо, мудирияти сомона, пайгирии ҳаракатҳои корбарон дар сомона ва ҷамъоварии маълумоти демографӣ дар бораи ҷомеаи корбаронамон аз ин маълумот истифода мебарем, ки ба мақсади шиносоии афрод ё ашхоси алоҳида намебошад.
Агар мо шуморо ба таври ҷудогона огоҳ накунем, мо ин маълумоти ба таври худкор ҷамъоваришударо бо маълумоти шахсии шумо пайваст намекунем ё онҳоро бо мақсадҳои дигар истифода намебарем.

Иртиботот
Ин сомона дорои пайвандҳо/истинодҳо ба сомонаҳои дигар мебошад. Лутфан огоҳ бошед, ки ФИНКА Тоҷикистон барои мундариҷа ва сиёсати махфияти сомонаҳои дигар масъул нест. Мо ба корбарони худ тавсия медиҳем, ки ҳангоми баромадан аз сомонаи мо аз он сиёсат огоҳ бошанд ва бо изҳороти махфияти сомонаҳое, ки маълумоти шахсиро ҷамъоварӣ мекунанд, ошно шаванд. Ин изҳорот оид ба сиёсати ҳифзи асрор (махфият) танҳо ба маълумоти дар ин сомона ҷамъоваришуда дахл дорад.

Эзоҳ ба волидон
Вақте ки ҷавонон барои гирифтани маълумоти бештар дар мавриди ташкилот ва кори мо оид ба мубориза бо фақри ҷаҳонӣ аз сомонаи мо боздид мекунанд, мо хушҳол мешавем. ФИНКА Тоҷикистон маълумоти шахсии кӯдакони то 18-соларо огоҳона нигоҳ намедорад ва онро ба кӯдакони то 18-сола огоҳона намефурӯшад.

Амният
ФИНКА Тоҷикистон барои ҳифзи маълумоти корбарон www.finca.tj чораҳои эҳтиётӣ меандешад. Маълумоти пешниҳодшуда ҳам дар низоми онлайн ва ҳам офлайн ҳифз карда мешавад.
Ғайр аз он, ФИНКА Тоҷикистон барои ҳифзи иттилооти корбарон дар режими офлайн ба кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад.
Ҳамаи маълумот оид ба корбарони мо дар доираи идораҳои мо маҳдуд мешавад. Дастрасӣ ба маълумоти шахсӣ танҳо ба кормандоне дода мешавад, ки барои иҷрои кори муайян ба ин маълумот ниёз доранд. Агар шумо оид ба амнияти сомонаи мо ягон савол дошта бошед, лутфан ба суроғаи hotline@finca.tj нависед.

Уведомление об изменениях
FINCA Таджикистан будет публиковать любые обновления об этой политике на нашем веб-сайте.

Огоҳинома дар бораи тағйирот
ФИНКА Тоҷикистон дар бораи ҳар гуна навовариҳо оид ба ин сиёсат дар сомонаи мо нашр мекунад.