ДАВРАҲОИ РУШД

2003: Таъсисёбии FINCA дар Тоҷикистон
Соли 2003 FINCA International барномаи худро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кард. Барномаи озмоишӣ дар шаҳри Қўрғонтеппаи вилояти Хатлон оғоз гардида, дар худи ҳамин ҷо моҳи октябри с.2003 аввалин қарз дода шуд. Баъдан воҳидҳои сохторӣ дар ноҳияҳои Шаҳритуз, Румӣ ва А.Ҷомӣ кушода шуданд. Агар дар соли таъсисёбии худ ФИНКА Тоҷикистон ҳамагӣ 19 мизоҷ дошт, пас дар соли 2019 ба Ташкилот акнун беш аз 25 ҳазор муштариён эътимод доранд.

2006 Рушд: Таъсиси ҶДММ Ташкилоти амонатии қарзии хурди «ФИНКА»
Бо мақсади рушд, дар ибтидои соли 2006 раванди табдил додани Филиали FINCA International. Inc. оғоз ёфт, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд Ташкилоти амонатии қарзии хурди «ФИНКА» таъсис дода шуд, ки доираи васеи хизматрасониҳоро дар бар мегирад. Аз ҷумла, анҷом додани чунин амалиётҳо, ба мисли ҷалби пасандозҳо, мубодилаи асъор, интиқоли маблағ ва ҳоказо имконпазир гардид.

2010: Вусъатдиҳии шабакаи филиалҳо дар вилояти Суғд
Бо мақсади рушди шабакаи филиалҳо ва пешниҳоди дастрасии аҳолии кишвар ба хизматрасониҳои бонкӣ, ТАҚХ ФИНКА ҳузури худро тавассути кушодани воҳидҳои нави сохторӣ дар вилояти Суғд васеъ намуд. Дар дафтарҳои кории нав, дар баробари дигар воҳидҳои сохтории ФИНКА, номгӯи асосии хизматрасониҳои бонкӣ пешниҳод карда мешавад.

2011: Ҷорисозии маҳсулотҳои нав
Ҷорисозии маҳсулотҳои нав, аз ҷумлаи – қарзҳо бо доллари ИМА, қарзҳо ба соҳибкории хурду миёна (SME), қарзҳои зудамал, инчунин роҳандозӣ намудани интиқоли маблағҳо ба ТАҚХ ФИНКА имконият фароҳам оварданд, ки дар пешниҳоди хизматрасониҳои бонкӣ ба сатҳи нав барояд.
овый уровень в предоставлении банковских услуг.

2011: 20 000 мизоҷони фаъол
Дар соли 2011 Ташкилот ба афзоиши сандуқи қарзӣ то ба андозаи 20 000 мизоҷони фаъол ноил гардид, ки ин аз эътимоди муштариёни аз хизматрасониҳои ТАҚХ ФИНКА истифодабаранда дарак медиҳад ва ба мо имкон медиҳад, ки дар байни зиёда аз 100 ташкилотҳои амалкунандаи маблағгузории хурд дар Тоҷикистон аз рўйи теъдоди муштариён мавқеи 2-ро ишғол намоем место. Ин дастовард Ташкилоти моро водор мекунад, ки минбаъд сифати хизматҳои пешниҳодшаванда ва сатҳи хизматрасонӣ ба мизоҷонро беҳтар созад.

2012: Ташкилот ба марҳилаи 10 000 000 доллари ИМА расид
Сандуқи қарзии ТАҚХ ФИНКА ба як марҳилаи таърихӣ расид – 10 000 000 доллари ИМА! Ин нишондиҳанда рӯзи 10 феврали соли 2012 расман ба қайд гирифта шуд.

2013: ТАҚХ ФИНКА даҳумин солгарди худро ҷашн мегирад
ТАҚХ ФИНКА 10-умин солгарди фаъолияти молиявии худро дар Тоҷикистон таҷлил менамояд. Дар ин давра Ташкилот тавонист, ки боварии теъдоди зиёди мизоҷонро ба даст орад ва ба беҳбудӣ ёфтани сифати хизматрасониҳои пешниҳодшаванда ва маҳсулотҳо ноил гардад.

2013: Бренди сол
ТАҚХ ФИНКА дар озмуни ҷумҳуриявии “Бренди сол” таҳти унвони “Қуллаи шараф”, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд, соҳиби ҷоиза гардид. Эътирофи Ташкилот ҳамчун “Қуллаи шараф” маънои онро дорад, ки ТАҚХ ФИНКА дар ҷумҳурӣ пазируфта шудааст ва дорои тамоюли хуби рушд ва эътимоди аҳолии кишвар мебошад.

2013:Гузариш ба низоми нави амалиётӣ
ТАҚХ ФИНКА бомуваффақият ба низоми нави идоракунии амалиётии FlexCube мегузарад, ки барои вусъат додани доираи хизматрасониҳо имконият фароҳам овард. FlexCube низоми универсалии бонкӣ мебошад, ки барои кор дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳамчун низоми асосии баҳисобгрӣ тарҳрезӣ шудааст.

2013: Оғози маҳсулоти амонатӣ
Ҳамин сол маҳсулоти амонатӣ бомуваффақият дар тамоми филилҳои ТАҚХ ФИНКА ҷорӣ карда шуд. Ҷалби пасандозҳо ба дастгирӣ намудани рушди МДО ФИНКА имконит фароҳам меорад, ки дар навбати худ ба Ташкилот бинобар ҷалби бештари сармояҳо барои қарздиҳӣ ба соҳибкорон мусоидат мекунад. Ҷалби пасандозҳо инчунин барои ноилшавӣ ба рисолати иҷтимоии Ташкилот мусоидат менамояд.

2013: Шомилшавӣ ба АБТ
2 марти соли 2013 ТАҚХ ФИНКА узви Ассосиатсияи Бонкҳои Тоҷикистон – АБТ гардид.
Вазифаи Ассосиатсияи Бонкҳои Таоҷикистон, ки низоми бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистонро муттаҳид менамояд, аз таъсис додани низоми қавӣ ва пурмасъул иборат мебошад. Узвият дар АБТ барои ФИНКА Тоҷикистон аз ҷиҳати стратегӣ хеле муҳим мебошад, зеро акнун Ташкилоти мо аз имкониятҳои бахши бонкӣ барои баргузории тренингҳо, машваратҳои ҳуқуқӣ, дастгирӣ оид ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии бахши молиявии Тоҷикистон истифода хоҳад бурд.

2014: Ҷорӣ намудани амалиётҳои мубодилаи асъор
Моҳи январи соли 2014, ТАҚХ ФИНКА бомуваффақият амалиётҳои мубодилаи асъорро дар зерсохторҳои худ ҷорӣ намуд – боз як дастовард барои ТАҚХ ФИНКА.

2016: Қарзҳои соддакардашуда
Бо мақсади дастгирии иловагии муштариён, ТАҚХ ФИНКА воситаи нав – қарзҳои соддакардашударо ҷорӣ намуд. Қарздиҳии соддакардашуда яке аз воситаҳое мебошад, ки барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон тавассути раванди қарздиҳии зуд ва соддакардашуда равона карда шудааст.
Қарздиҳии соддакардашуда аз тариқи Маркази тамоси (Call Centre) Саридора ба роҳ монда шуд. Чунин як усули мутамарказонида барои самаранок кам кардани вақт, ки ба коркарди дархостҳои қарзӣ ва додани қарзҳо сарф мешуд, имкон дод.

2018: 15-солагии Ташкилот
ТАҚХ ФИНКА 15-умин солҷашни худро таҷлил намуд. Дар давраи фаъолияти худ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилот тавассути пешниҳоди сатҳи баланд ва босифати хизмарасонӣ эътимоди муштариёнро ба даст овардааст. Солҷашн дар ҳалқаи мизоҷон ва шарикон таҷлил гардид.