ТАЪСИРИ ИҶТИМОӢ

FINCA Тоҷикистон иштирокчии фаъол ва пайрави лоиҳаи «Саводнокии молиявӣ» мебошад.

Ин лоиҳа ба рисолати ташкилоти мо хеле мувофиқ аст: паст кардани сатҳи камбизоатӣ бо истифода аз қарорҳои дарозмуддат, ки ба мардуми камдаромад барои таъсис додани дороиҳо, ҷойҳои нави корӣ ва беҳбудӣ бахшидани сатҳи зиндагии онҳо кӯмак мерасонад.

Ҳамин тариқ, бо кўмаки ин лоиҳа мо метавонем ба баланд шудани саводнокии молиявии аҳолии кишвар таъсир расонем.

ЛОИҲА ОИД БА САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ

1104, 2023

Низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ чист?

April 11th, 2023|

Низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ маҷмӯи чораҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорон ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилотҳои қарзии узви Хазинаи суғуртаи пасандозҳои

1104, 2023

Ҳангоми гирифтани қарз чӣ бояд кард

April 11th, 2023|

Муштариёни мӯҳтарам! Пеш аз гирифтани қарз, мо таваҷҷуҳи шуморо ба хатарҳои зерини марбут ба қарздиҳӣ ҷалб менамоем: Аз ҳад зиёд қарз гирифтан ё аз ҳад зиёд қарздор будан – вақте ки бори қарзи шумо бароятон

2407, 2019

МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД ЧИСТ

July 24th, 2019|

Маблағгузории хурд ин – имконияти ба даст овардани  қарзи хурд барои одамоне, ки соҳибкории хурде дошта, ба маблағгузории он эҳтиёҷ доранд. Дар чунин ҳолат, одатан, гарав талаб карда намешавад ва қарздиҳанда теъдоди ҳадди аққали ҳуҷҷатҳоро

2407, 2019

ПАСАНДОЗ ЧИСТ

July 24th, 2019|

Пасандоз  - ин  даромадҳои пулии аҳолӣ, ки бо мақсади захира кардани маблағи муайян барои таъмини эҳтиёҷоти худ дар оянда пасандоз карда  мешавад. ҲАДАФИ ПАСАНДОЗҲОИ АҲОЛӢ Дар сурати ҳолатҳои ғайричашмдошт Анҷом додани хариди калон (инчунин сармояи

Аз аввали соли 2015, ҳамаи кормандони қарзӣ ба ҳайси мушовири молиявӣ иваз карда шуданд, ки ин боз як далели вусъат ёфтани гузариши FINCA Тоҷикистон аз фурӯши оддии маҳсулот ва хизматрасонии молиявӣ ба ғамхорӣ дар бораи вазъи молиявӣ ва саводнокии муштариёни мо. Баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии мизоҷон ва аҳолӣ имконият медиҳад, ки маҳсулот ё хизматрасонии дуруст интихоб карда шавад, инчунин барои идоракунии самараноки буҷаи оилавӣ ва ҷамъшавии  пасандоз бештар мусоидат мекунад.

Моҳи июни соли 2015 лоиҳаи «Саводнокии Молиявӣ» дар ФИНКА Тоҷикистон расман  оғоз карда шуд.  Дар марҳилаи аввал, ташкилот кормандонашро дар маҳаллҳо бо омўзонидани саводнокии молиявӣ фаро гирифт, баъдан ба пешбурди лоиҳа шурўъ кард. Сипас, тамоми кормандони зерсохторҳои ташкилот вобаста ба саводнокии молиявӣ омӯзонида шуданд ва ба мизоҷони FINCA ҳангоми боздид ба идора ба маслиҳатдихӣ шурўъ намуданд.

Якчанд омӯзишҳои аввалин бо аҳолии минтақаҳо моҳи сентябри соли 2015 гузаронида шуданд ва кормандони дар маҳалҳо ба маслиҳатдиҳии мизоҷон шурӯъ карданд. Барои зиёда аз 540 нафар дар маҳалҳо, аз ҷумла 368 занон, машваратҳо гузаронида шуданд. Дар тамоми воҳидҳои сохтории FINCA Тоҷикистон тренингҳо барои аҳолӣ гузаронида мешаванд.