Омӯзишҳо дар 3 филиали ТАҚХ FINCA: дар ноҳияи Шаҳритуз, ноҳияи Ҷомӣ ва шаҳри Бохтар гузаронида шуданд.

Мавзӯи тренингҳо ба саводнокии молиявӣ бахшида шуда буд.

Дар омӯзишҳои мазкур аъзоёни Клуб иштирок карда, назарияро бо мароки калон гуш карданд ва сипас супоришҳои амалиро иҷро намуданд. Омӯзишҳо бомуваффақият ва шавқовар гузаштанд.

Мо ба устод Саъдӣ Давлатов барои имкони баланд бардоштани саводнокии молиявии иштирокчиёни омузишҳо изҳори сипос мекунем.