Рӯзҳои 22, 23 ва 24 июн дар ноҳияҳои Шаҳритус, А.Ҷомӣ ва шаҳри Бохтари вилояти Хатлон омӯзишҳо навбатӣ барои аъзоёни Клуби бонувони FINCA дар мавзӯҳои Саводнокии молиявӣ баргузор гардид.

Дар ноҳияи Шаҳритус дар омӯзиш 18 нафар занон иштирок варзиданд. Устодони мо ба ҳозирон дар мавзӯи “Хоҷагидории фермерӣ ҳамчун тиҷорати хонаводагӣ” сӯҳбат ронданд ва муфассал дар бораи:

  • Тарақиети соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон
  • Консепсияи хоҷагии қишлоқ тиҷорати оилавӣ
  • Банақшагирии тиҷорати оилавӣ
  • Идоракунии молиявии тиҷорати хоҷагии деҳот ва ғайра нақл карданд.

Ошкор намудани мавзӯҳои мазкур барои ҳамаи бонувони иштирокдошта муфид ва ҷолиб буд, зеро ҳамаи иштирокчиён дорои заминҳои наздиҳавлигӣ буда, ба чорводорӣ, зироатпарварӣ ё паррандапарварӣ машғул ҳастанд.

Дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи А.Ҷомӣ бошад омӯзишҳо дар мавзӯъҳои «Соҳибкории занон. Чӣ гуна бояд тиҷорати худро оғоз ва рушд дод» ва «Соҳибкории занон. Рушди тиҷорати қаннодӣ» баргузор гардиданд.

Дар рафти омӯзишҳо ба иштирокчиён гуфта шуд:

  • Соҳибкор кист
  • Тасаввуроти нодуруст оиди соҳибкории муосир
  • Чӣ гуна бояд тиҷорати худро оғоз ва рушд кард
  • Чӣ тавр пайдо кардани тиҷорати худ ва ғайра.

Илова бар ин, як қисми омӯзиш дар шаҳри Бохтар амалӣ буд: Яке аз занҳои соҳибкор, ки ба қаннодӣ машғул аст, дар бораи оғози тиҷорати худ нақл карда, инчунин оид ба пухтани чанд намуди кулчақанд дарси устодӣ гузаронидааст.

Мо ба устодонамон барои гузаронидани чунин омӯзишҳои ҷолиб барои аъзоёни Клуби бонувони FINCA изҳори сипос мекунем.

Дар пеш бошад чорабиниҳои фароғатӣ ва омӯзишҳои зиеди дигар дар доираи Клуби бонувони FINCA баргузор хоҳанд шуд, аз навидҳои мо бохабар бошед.