Орзуҳои худро ба имконият табдил бидеҳ!
Дастгирии молиявӣ барои соҳибкории шумо.
Қарзҳо барои дастгирӣ ва рушди хоҷагии деҳот.
Қарз барои рушди бахши сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ пешбинӣ карда шудаст.
Қарз барои соҳибкорони хурду миёна пешбинӣ шудааст.
Нақшаҳои пардохти қарз бо усули аннуитет тартиб дода мешаванд
Аннуитет – ҷадвали баргардонидани қарз мебошад, ки пардохти қарзро ба миқдори баробар бо фосилаҳои муқаррарӣ дар бар мегирад. Маблағи пардохти аннуитет қарзи асосӣ ва фоизҳои ҳисобшудаи бақияи қарзи асосӣ аз рӯи қарзро дар бар мегирад. Ин яке аз роҳҳои осонтарини ҳисоб кардани ҷадвали пардохт мебошад, ки ба шумо имкон медиҳад маблағи пардохтҳои моҳонаро дақиқ муайян кунед ва буҷаро барои мизоҷони мо ба нақша гиред.
Давраи имтиёзнок барои пардохти қарзи асосӣ
Агар дар ҷадвали пардохти қарз барои пардохти қарзи асосӣ аз рӯи қарз давраи имтиёзнок татбиқ карда шавад, ин маънои онро дорад, ки дар давраи имтиёзнок танҳо фоизи ҳисобшуда аз бақияи қарзи асосӣ дар пардохт мавҷуд аст, пардохти аннуитет бошад дар охири давраи имтиёзнок оғоз мегардад.
Меъёри фоизии самаранок
Меъёри фоизии самаранок ин меъёрест, ки тамоми пардохтҳои асосӣ ва марбути қарзро дар бар мегирад (масалан, хароҷотҳо) ва арзиши ҳақиқиро, ки қарзгиранда дар ниҳояти кор пардохт мекунад, муайян месозад. Маҳз ҳамин маблағи воқеии пардохтҳои изофаи қарзро муайян мекунад.