Дар бораи мо

ФИНКА Тоҷикистон дар фарогирии молиявӣ пешсаф буда, бо таҷрибаи зиёда аз 20 сол ва дастгирии шабакаи ҷаҳонӣ, маҳсулотҳоеро пешниҳод менамояд, ки ба мизоҷон дар беҳтар намудани ояндаи онҳо кӯмак мекунанд.

ФИНКА Тоҷикистон маҳсулотҳо, хизматрасониҳо ва омӯзишҳоеро, ки мизоҷон дар онҳо ниёз доранд, пешниҳод мекунанд ва имкониятҳои мизоҷон дар беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ, эҷоди некӯаҳволии молиявию устуворӣ ва таълими фарзандони онҳо васеътар менамоянд.

ФИНКА Тоҷикистон, ки соли 2003 таъсис ёфтааст, пеш аз ҳама тавассути шабакаи филиалҳои деҳот ва дурдаст фаъолият намуда, саъю кӯшиши худро ба пешниҳоди ҳалли молиявӣ ба мизоҷони камдаромад ва шахсони дигар, ки анъанавӣ ба чунин хизматрасониҳо дастрасӣ надоранд, равона мекунад.

Мо дар бахши маблағгузории хурди Тоҷикистон пешвар ҳастем, ки ба таҷрибаҳои беҳтарин дар соҳаи ҳифзи мизоҷон пайравӣ намуда, қариб ба 30 000 мизоҷи карзии дастрасӣ ба маҳсулотҳо ва хизматрасониҳои инноватсионӣ, ки барои расидан ба ҳадафҳои молиявӣ ба онҳо имкон медиҳанд, фароҳам меорем.

FINCA Тоҷикистон қисмати шабакаи ҷаҳонии муассисаҳои пешсафи маблағгузории хурд мебошад, ки дорои таъсири иҷтимоӣ FINCA Impact Finance (FIF) аст. FINCA Impact Finance ба ташкилоти сармоягузории иҷтимоии FINCA Microfinance Holding Company LLC (FMH) тааллуқ дорад ва аз ҷониби он идора карда мешавад. Саҳмдори асосии FMH ташкилоти ғайритиҷоратӣ FINCA International, Inc. мебошад, ки дар шаҳри Вашингтон ҷойгир аст ва барои аз байн бурдани камбизоатӣ дар саросари ҷаҳон фаъолият мекунад, дар ҳоле ки KfW дорои ҳиссаи миноритарӣ мебошад. Миллионҳо соҳибкорон ба ӯҳдадории FIFA барои ҳимояи ҳуқуқи мизоҷон ва таҷрибаи беҳамтои онҳо такя мекунанд, то дар бунеди ояндаи беҳтар барои худ, оилаҳо ва ҷомеаҳои худ кӯмак кунанд.

Сертификатсия ба принсипҳои ҳифзи мизоҷон

FINCA Тоҷикистон дар асоси дастурҳои аз ҷониби Cerise+SPTF пешниҳодшуда аз ҷониби оҷонсии рейтингии ҷаҳонии MFR дода шуда, дараҷаи тиллоии Сертификати ҳифзи мизоҷонро ба даст овард. Ин сертификат нишон медиҳад, ки FINCA Тоҷикистон ба стандартҳои сахттарини ҳифзи муштариён, ки дар Стандартҳои Универсалии Идоракунии Самарабахшии Иҷтимоӣ Cerise+SPTF мавҷуд аст, мувофиқат мекунад.