Қарз барои рушди соҳибкории хурду миёна

Орзуҳои бузург, қарзҳои инфиродӣ

Имкониятҳои қарздиҳиро барои лоиҳаҳои калон тарҳрезӣшударо, ки барои дастгирии молиявии лоиҳаҳои тиҷоратии бузург таъмин гардидаанд, омӯзед.

Қарзи инфиродӣ барои рушди тиҷорат

Тиҷорати худро тариқи маҳсулотҳои қарзии дастраси мо, ки махсус барои соҳибкорони хурд ва миёна тарҳрезӣ шудаанд, рушд диҳед.

  • Пешниҳодҳои махсус
    Пешниҳодҳои махсусро, ки мувофиқи андозаи қарзи ба шумо лозима ҳастанд, омӯзед, то боварӣ ҳосил намоед, ки тиҷорати шумо аз он чизи даркорӣ мегирад.

  • Давраи имтиёзноки мусоид
    Аз шартҳои мусоиди қарз бо давраи имтиёзнок истифода баред, ки он имкони тағйирпазирӣ барои рушди тиҷорати шумо медиҳад.

  • Кӯмакӣ шахсӣ
    Аз мутахассиси қарзӣ, ки дар рушди тиҷорат шуморо дастгирӣ ва роҳнамоӣ мекунад, кӯмаки шахсӣ гиред.

  • Раванди босуръат
    Рушди босуръати тиҷоратро бо истифодаи раванди оддии гузоштани онлайн дархост сар кунед.

Маҳсулоти дастраси қарзӣ

Дастрасӣ ба ҳалли молиявӣ барои шумо он вақт қулайтар мегардад, ки дар асоси он принсипҳои қарздиҳии масъул ва шаффофият гузошта шаванд.

  • Маблағи қарз
    Дастгирии молиявии заруриро барои тиҷорати худ тавассути гирифтани қарз ба маблағи то 300 000 сомонӣ таъмин кунед.

  • Дароз кардани мӯҳлати қарз
    Мӯҳлати қарзи ба тиҷорати шумо мувофиқро бо имкони тамдиди то 48 моҳ интихоб намоед. Ин тағйирпазириро ҳангоми пардохти қарз таъмин хоҳад кард.

  • Раванди самаранок
    Коркарди самараноки қарзро бо кафолати он гиред, ки тиҷорати шумо зуд ва тағйирпазир рушд меёбад.

Ҳисобкунаки қарз

* Комиссия 1 %

* Ҳисобкунии зерин иттилоотӣ аст ва метавонад каме тағир ёбад.

Маълумот дар бораи ҳисобкунии фоизҳо

Раванди дархостгузорӣ барои гирифтани қарз: қадам ба қадам

Бо раванди дархостгузорӣ барои гирифтани қарз, ки дар эътимоднокӣ, самаранокӣ ва ниёзҳои беназири шумо асос ёфтаанд, шинос шавед.

  • 1

    Онлайн-дархост
    Вақте ки шумо онлайн дархост мегузоред, мутахассисони маркази тамоси мо ба шумо занг зада, шахсияти шуморо тасдиқ мекунанд ва таърихи қарзиатонро бо мақсади тезонидани раванди гиритфани қарз тафтиш мекунанд.

  • 2

    Бақайдгирӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо
    Пас аз тафтиши таърихи қарзии шумо дархости шумо барои гиритфани қарз барои арзёбии ниҳоӣ коркард мешавад.

  • 3

    Тасдиқи қарз ва имзо кардани шартнома
    Пас аз тасдиқ, шумо бояд шартномаи қарзиро имзо карда, маблағи тасдиқшударо фавран гиред, то раванд қулайтар гардад.

Дархост гузоред

Гузоштани дархост барои гирифтани қарз аз мо – раванди оддӣ ва қулай аст.


Шартҳои қарз

  • Аз 10 000 то 50 000 сомонӣ – 36% (комиссия – 1%)
  • Барои муштариёни нав: аз 50 000 то 100 000 сомонӣ – 33% (комиссия – 0,5%)
  • Барои муштариёни такрорӣ: аз 50 000 то 100 000 сомонӣ – 32% (комиссия – 0,5%)

Саволҳои зиёд такрормешуда

  • Барои пардохт накардан ё нопурра ҷарима ҳисоб карда мешавад. Барои ҳар як рӯзи таъхири пардохти қарзи асосӣ ё фоизҳо ба андозаи дар шартнома пешбинишуда ҷарима ситонида мешавад.
  • Љарима аз рўи маблаѓи ќарзи асосї ва фоизњо тибќи љадвали пардохт њисоб карда мешавад.
  • Дар сурати ба таъхир андохтани маблагхо хангоми гирифтани маблаг дар навбати аввал барои баргардонидани пардохтхои мухлати гузашта (чарима), фоизхои карз ва баъд барои баргардонидани карзи асосй сарф карда мешаванд.
  • Қарздиҳанда ҳуқуқ дорад пардохти қарзро бо асъори дигар (сомонӣ, доллари ИМА, евро ва рубли русӣ) тибқи қурби дар рӯзи баргардонидани қарз аз ҷониби Қарзгир муқарраршуда ва қобили қабул будани мавқеи асъор қабул намояд.
  • Таърихи карзи ин маълумоти мусбат ё манфй дар бораи ичрои ухдадорихои субъекти таърихи карзи дар асоси шартнома мебошад, ки дар Бюрои таърихи карзи нигох дошта мешавад. Таърихи кредитии мусбӣ далели муносибати мусоид ба идоракунии молиявӣ ва иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳои молиявӣ мебошад.
  • Муштарӣ розӣ аст, ки маълумотро ба бюроҳои қарзӣ пешниҳод кунад: «Ман мефаҳмам, ки маълумоти қарзии ман ба бюроҳои қарзӣ интиқол дода мешавад ва ман розӣ ҳастам, ки маълумот дар бораи ман ба бюроҳои қарзӣ дастрас аст». Барои ин, мутахассисони мо аз шумо хоҳиш мекунанд, ки варақаи махсуси ризоиятро пур кунед.

Бале, шумо имкон доред қарзи худро пеш аз мӯҳлат баргардонед. Маълумоти бештар оиди тартиби баргардонидани бармаҳал дар шартномаи худ хонед.

Одатан шиноснома ва рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА) талаб карда мешавад. Аммо барои гирифтани қарз ба маблағи зиёдтар, шумо бояд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фаъолияти худро пешниҳод намоед. Мутахассисони мо ба шумо барои ин талаботҳо кӯмак мерасонанд ва оид ба ҳар як ҳуҷҷати дархостшуда маслиҳат медиҳанд.

Раванди онлайни мо тасдиқи фаврии шартиро таъмин мекунад ва тасдиқи ниҳоӣ бошад одатан дар давоми 24 соат дода мешавад.

Маблағи зиёдтарини қарз барои соҳибкории хурд ва миёна 150 000 сомониро ташкил медиҳад.

Пас аз пешниҳоди ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, раванди додани қарз барои соҳибкорони хурду миёна на бештар аз 2 рӯзи корӣ давом мекунад.

Бале, мо барои шарикони худ шартҳои тағйирпазир дорем, ки давраи имтиёзнок ва фоизҳои пасти қарзҳоро барои соҳибкорони хурду миёна дар бар мегирад.

Last updated on: 13-06-2025 17:32

Мо ҳамеша аз сӯҳбат бо шумо шодем!

Рақами телефони худро ворид кунед, то мо тавонем бо Шумо тамос гирем.