Сиёсати истифодабарии файлҳои cookie
ФИНКА Тоҷикистон
1.0 Ҳадаф. ҶДММ “ТАҚХ ФИНКА” (минбаъд “ФИНКА Тоҷикистон”) сиёсати истифодабарии фйалҳои cookie-ро ҳамчун як қисми сиёсати умумии махфияти худ амалӣ кардааст. ФИНКА Тоҷикистон шаффоф будан бо мизоҷони ФИНКА Тоҷикистон ва мизоҷони сомона, ки дар ҷустуҷӯи маълумот дар бораи маҳсулотҳо ва хизматрасониҳои ФИНКА Тоҷикистон ҳастанд ва дар ноил шудан ба ҳадафҳои ФИНКА Тоҷикистон ҳавасманд буда, дар баробари он ҳуқуқҳо ва махфияти худро ҳифз мекунанд, сиёсати хуби тоҷоратӣ мешуморад.
2.0 Истифодабарии файлҳои cookie. ФИНКА Тоҷикистон ё яке аз қисмҳои он (IT, Шӯъбаи Амалиётӣ, Маркетинг…) метавонад cookie-ро (рекламавӣ, таҳлилӣ, фардӣ, амниятӣ, идоракунии сомона ва/ё дигар файлҳои cookie) ва дигар технологияҳои пайгириро дар ҳама гуна сомонаҳо, аз ҷумла сомонаҳои мобилӣ ва барномаҳо, дигар воситаҳо ё расонаҳои истифодашуда ва ба сомонаи ФИНКА Тоҷикистон пайвастшударо истифода барад. Файлҳои соokie барои фардикунонӣ ва беҳтар кардани таҷрибаи корбар истифода мешаванд.
3.0 Файлҳои сookie чист ва барои чӣ истифода мешавад?
Файлҳои сookie маҷмӯи мунтазами маълумотест, ки дар компютери ФИНКА Тоҷикистон ё провайдерҳои тарафҳои сеюми он нигоҳ дошта мешавад, ки ҳангоми дархост ё боздид/ боздиди такрории шумо аз сомона, муайянкунандаи беназир мегардад. Файлҳои сookie барои сабти боздидҳо, афзалиятҳо, саҳифаҳои боздидшуда ва нигоҳ доштани вуруди шумо истифода мешаванд, ки ҳамаи онҳоро ФИНКА Тоҷикистон барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии мизоҷон истифода мебарад.
4.0 Намудҳои файлҳои cookie, ки ФИНКА Тоҷикистон аз онҳо истифода карда метавонад.
4.1 Файлҳои сookie-и таблиғотӣ. Файлҳои сookie-ҳои таблиғотӣ дар компютери шумо аз ҷониби таблиғгарони тарафи сеюм ва хизматрасониҳои таблиғотии аз ҷониби ФИНКА Тоҷикистон тасдиқшуда ҷойгир карда мешаванд. Ин сookie-ҳо таблиғеро намоиш медиҳанд, ки мизоҷ метавонад ба он таваҷҷӯҳ кунад. Ин сookie-ҳо инчунин ба шахсони сеюм имкон медиҳанд, ки маълумотро дар бораи мизоҷони сомона ва дигар сомонаҳо, таблиғоти монандро ба компютери мушаххас ирсол кунанд ва басомади тамошои таблиғҳоро пайгирӣ кунанд. Ин сookie-ҳо метавонанд ҳама гуна маълумоти шахсиро дар бораи корбар ҷамъ оваранд.
4.2 Файлҳои cookie-и таҳлилӣ. Файлҳои cookie-ҳои таҳлилӣ чӣ тавр омадани мизоҷон ба сомона, инчунин чӣ гуна мутақобила кардани онҳо бо сомона ва аз ҷой ба ҷой гузшатани мизоҷон дар дохили сомона таҳлил мекунанд. Ин cookie-ҳо фаъолияти сомонаро пайгирӣ карда, иҷрои хусусиятҳои сомонаро сабт мекунанд.
4.3 Файлҳои cookie-и ФИНКА Тоҷикистон. Ин “файлҳои cookie-и тарафи сеюм” мебошанд, ки метавонанд доимӣ ё муваққатӣ бошанд. Онҳо барои дуруст кор кардани сомона ё таъмини баъзе хусусиятҳо ва функсияҳои он заруранд. Хомӯш кардани ин намуди файлҳои cookie метавонад ба фаъолияти сомона таъсир расонад.
4.4 Файлҳои cookie барои фардикунонӣ. Файлҳои cookie-ҳо барои фардикунонӣ барои шинохтани мизоҷони такрорӣ ба сомона омада истифода мешаванд. ФИНКА Тоҷикистон ин файлҳои cookie-ро барои сабти таърихи тамошо, саҳифаҳои боздидшуда ва нигоҳ доштани танзимоту афзалиятҳои шуморо ҳар дафъае, ки мизоҷ ба сомона ворид мегардад, истифода мебарад.
4.5 Файлҳои cookie-и амниятӣ. Ин файлҳои cookie таҳдидҳои амниятро ошкор ва пешгирӣ мекунанд. Онҳо инчунин корбаронро тасдиқ мекунанд ва мизоҷонро аз шахсони бегона муҳофизат мекунанд.
4.6 Файлҳои cookie-и идоракунии сомона. Файлҳои cookie-и идоракунии сомона барои нигоҳ доштани шахсияти мизоҷ ё боздиди сомона истифода мешавад, то шумо тасодуфан аз низом берун нашавед. Маълумот дар саҳифа. Ҳоло ин намуди файли cookie дар баробари дигар cookie-ҳо дар браузери мизоҷ ғайрифаъол карда намешаванд.
4.7 Файлҳои cookie-и тарафи сеюм. Файлҳои cookie-и тарафи сеюм метавонанд дар браузери мизоҷ ҳангоми боздиди сомона аз ҷониби ширкатҳое ҷойгир карда шаванд, ки хизматрамониҳои муайянро пешниҳод мекунанд ё аз ҷониби ФИНКА Тоҷикистон тасдиқ шудаанд. Ин файлҳои cookie ба шахсони сеюм имкон медиҳанд, ки дар бораи мизоҷон маълумоти муайянро ҷамъоварӣ ва пайгирӣ кунанд. Ин файлҳои cookie-ро дар браузери мизоҷ дастӣ хомӯш кардан мумкин аст.
4.8 Баннери файлҳои cookie. Ҳамчун маблағгузори таъсиррасон, ки Сиёсати cookie-ро қабул мекунад, ҳангоме воридшавии мизоҷ ба сомонаи ФИНКА Тоҷикистон бояд баннерҳои cookiе-ро нишон диҳанд.
4.9 Дигар технологияҳои пайгирӣ. ФИНКА Тоҷикистон
метавонад барои фардикунонии сомона ва беҳтар намудани таҷрибаи корбарон дигар технологияҳои пайгирии сомонаро истифода барад. Ҷанбаҳои муайяни пайгирӣ, ба монанди тавсифи восита, истифодаи он, мақсад ва навъи маълумоте, ки восита ҷамъ мекунад, оё ин воситаро рад кардан мумкин аст ва чӣ гуна маҳдуд кардани истифодаи онро бояд ба истифодабарандагон фаҳмонда шаванд.
5.0 Сиёсати махфият.
Лутфан бо сиёсати махфияти мо дар ин ҷо шинос шавед.
6.0 Шахси тамос
Агар шумо дар бораи Сиёсати файлҳои cookie-и мазкур савол ё шарҳ дошта бошед, лутфан бо мо бо суроӯаи элекстронӣ дар тамос шавед: hotline@finca.tj

