Муҳофизати муштариён
Талаботи мизоҷон ва вокуниш ба фикру мулоҳизаҳои онҳо барои мо дар ФИНКА Тоҷикистон афзалияти аввалиндараҷа мебошад. Мо дар хотир дорем, ки ҳар як мизоҷ беназир аст ва ғамхорӣ мекунем, ки овози онҳо шунида шавад.
ФИНКА Тоҷикистон аз ҳадафи ниҳоии муқаррар кардани афзалияти манфиатҳои мизоҷони мо роҳнамоӣ мекунад ва пайваста принсипҳои ҳифзи мизоҷонро, ки дар соҳаи маблағгузории хурд қабул шудаанд, риоя мекунад. Мо муносибатҳои дарозмуддат ва мустаҳкамро дар асоси гармӣ, эътимод ва масъулиятнокӣ қадр мекунем.
Мо ҳар як принсипи ҳифзи мизоҷонро риоя мекунем ва кафолат медиҳем, ки мо ба мизоҷони худ маҳсулоти мувофиқ пешниҳод мекунем, барои пешгирии қарзи аз ҳад зиед чораҳо меандешем, шартҳо ва нархҳои мо шаффофанд, мо маълумоти махфии мизоҷонро ҳифз мекунем вамо тамоми механизмҳои заруриро барои вокуниши касбӣ ба овози мизоҷон дорем.
Мо аз ҳама ҷонибҳои манфиатдорро (аз ҷумла кормандон, саҳмдорон, мизоҷон, шарикон, таъминкунандагон ва танзимгарон) даъват менамоем, ки ҳолатҳои воқеӣ, имконпазир е эҳтимолии рафтори нодурустро ошкор кунанд.
Фикру мулоҳизаҳо, пешниҳодҳо е шикоятҳои худро тавассути воситаҳои зерин фиристода метавонед:
- Занг занед ба рақами: (+992) 44 600 23 23
- Почтаи электронӣ: Hotline@finca.tj
Телефони боварии бонки Миллии Тоҷикистон:
- Занг занед ба рақами: (+992) 44 600 15 20
- Почтаи электронӣ: info@nbt.tj
Online Form
Note: Letters, phone calls and emails are treated with care and confidentiality by FINCA Tajikistan.

