28-11-2024
Ду мизоҷи мо соҳиби унвони “Сафири Клуби Бонувони FINCA” шудаанд
Мо аз дастовардҳои барҷастаи Шарипова Шаҳриниссо аз ноҳияи Ёвон ва Низомова Маҳбуба аз ноҳияи Шаҳритуз, ки дар рушди Клуби Бонувони FINCA саҳми назаррас гузоштаанд, хушҳолем.
Ҳарду иштирокчӣ барои талошҳои барҷастаи худ дар рушди Клуби бонувони FINCA соҳиби унвони “Сафири Клуби Бонвони FINCA” шуданд ва имконият пайдо карданд, ки ба осоишгоҳи Шоҳамбарӣ ташриф оранд.
Аз руи нишондиҳандаҳои дар поён зикршуда ФИНКА Тоҷикистон ин бонувонро интихоб намуданд:
• ҷалб намудани аъзоёни зиёд ба Клуби бонувони FINCA;
• фаъол будан дар чорабиниҳои Клуби бонувони FINCA ва ташкили иштирокчиён;
• мизоҷи фаъоли ФИНКА Тоҷикистон;
• мубодилаи дониш баъди омӯзишу чорабиниҳо бо дигар бонувон (ҳамдеҳагон);
Аз замони таъсиси Клуби Бонувони FINCA Шаҳриниссо худро ҳамчун пешвои ҳақиқӣ нишон дода, ба густариши ҷомеаи мо фаъолона мусоидат кардааст. Азми ӯ ва қобилияти пайдо кардани забони муомила бо одамон клубро барои иштирокчиени нав дастрас кард, ки дар навбати худ ба рушд ва гуногунии Клуби мо мусоидат кард.
Корҳои Маҳбуба, ки аз рӯзҳои аввали мавҷудияти клуб ба он аъзо шуда, роҳбарӣ ва садоқати беназирро нишон медод, низ таъсирбахш аст. Талоши ӯ барои фароҳам овардани фазои дӯстона барои иштирокчиени нав ба васеъшавӣ ва фарогирии Клуби мо мусоидат кард.
Мо ба Шаҳриниссо ва Маҳбуба барои садоқат ва иштироки фаъолона дар Клуби Бонувони FINCA самимона ташаккур мегӯем. Кӯшишҳои илҳомбахши онҳо барои мо воқеан бебаҳоянд!



