10-07-2025

Клуби бонувони FINCA ба илҳом бахшидан ва омӯзондани занон идома медиҳад!

Аз 12 то 18 июни соли 2025 Клуби бонувони FINCA як қатор омӯзишҳоро дар филиалҳои Хуҷанд, Ёвон, Турсунзода, Панҷ ва Ваҳдат баргузор намуд. Мавзӯи вохӯриҳо самти муҳимро дар бар мегирифт: «Рушди соҳибкорӣ, саводнокии молиявӣ ва рақамии молиявӣ».

Занон бо шавқу ҳаваси зиёд дар омӯзишҳо иштирок карда, ба мавзӯъҳои баррасишаванда таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Омӯзишҳо дар фазои гарму озод баргузор гардиданд, ки дар он ҳар як иштирокчӣ имкони пешниҳоди савол ва мубодилаи таҷрибаро дошт.

Ҳадафи чунин чорабинӣ — на танҳо васеъ кардани донишу малакаҳо дар соҳаи соҳибкорӣ, балки ташвиқу ҳавасмандсозии занон барои гузаштан аз назария ба амал ва расидан ба рушду пешрафти шахсӣ ва касбӣ мебошад.

Мо ифтихор дорем, ки Клуби бонувони FINCA фаъолона ба занон барои соҳибэътимод шудан, инкишофи фикру ақидаҳо ва расидан ба ҳадафҳояшон кӯмак мерасонад!