03-02-2025

Клуби бонувони FINCA дар шаҳри Хӯҷанд омӯзиш оид ба рушди малакаи роҳбарӣ ва SMM баргузор кард

Рӯзҳои 10 ва 11 январи соли ҷорӣ Клуби бонувони FINCA омӯзишҳои дурӯза доир ба рушди малакаҳои роҳбарӣ ва SMM дар шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон баргузор кард.

Чорабинӣ шумораи зиеди занонро аз соҳаҳои гуногун, ки хоҳиши рушди малакаҳои роҳбарӣ ва идоракунии шабакаҳои иҷтимоии (СММ) худ ҳастанд, ҷамъ овард.

Иштирокчиени омӯзиш дар рафти таълим фаъолона иштирок карда, малакаҳои роҳабрӣ ва стратегияҳои самараноки идоракунию пешбурди шабакаҳои иҷтимоиро омӯхтанд. Дар доираи тренинг онҳо вазифаҳои амалиро иҷро намуданд, ки ба мустаҳкам кардани донишҳои гирифташуда ва ба зиед гардонидани боварӣ ба малакаҳои роҳбарии онҳо мусоидат карданд.

Рӯзи дуюми омӯзиш дар ҳамкорӣ бо SmartHub TJ баргузор шуд, ки онҳо ташкилкунандагони ҳамагуна омӯзишҳои онлайн ҳастанд. Ин ҳамкорӣ имкон дод, ки уфуқҳои омӯзиш васеъ карда шаванд ва ба иштирокчиен востиаҳои нави ҳамкорӣ пешниҳод карда шаванд.

Клуби бонувони FINCA ба Сафорати ИМА дар Тоҷикистон барои дастгирӣ миннатдории худро баён карда, инчунин мушовири тиҷоратӣ – Аҳмедов Бобохон ва дастаи SmartHub-ро барои мусоидат дар гузаронидани омӯзиш сипосгузорӣ мекунад. Мо боварӣ дорем, ки дониши гирифташуда барои иштирокчиен дар рушд ва татбиқи имкониятҳои онҳо қадами муҳим хоҳад буд!