Таъсир

Ҳар он чизе ки мо мекунем, ба мизоҷони мо нигаронида шудааст. Вақте ки онҳо муваффақ мешаванд, мо ҳам муваффақ мешавем.

ФИНКА дар сафи пеши навовариҳои молиявӣ ва фарогирӣ, муқаррар кардани стандартҳо барои со ҳаи маблағгузории хурд ва таҳияи маҳсулот ва хизматрасониҳои нав, ки ба мизоҷони мо барои расидан ба орзуҳои худ кӯмак мекунанд, қарор дорад. Мо эҳтиёҷот ва орзуҳои онҳоро тавассути муносибатҳои қавӣ бо мизоҷон ва барномаи самараноки тадқиқот пайгирӣ мекунем. Хусусиятҳои бренди мо – гармӣ, эътимод ва бонкдории масъулиятнок дар ҳар як муошират бо мизоҷони мо аёнанд.

ФИНКА бо рақамҳо

Дар саросари ҷаҳон, FINCA Impact Finance ҳамасола ба ҳаёти 3,4 миллион нафар таъсир мерасонад. Дар Тоҷикистон ФИНКА тақрибан ба 30 000 мизоҷи карзии, ки сандуқи қарзии он зиёда аз 27 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, хизматрасонӣ мекунад.

Фарогирии аҳолии дорои дастрасии нокофӣ ба хизматрасониҳо

Тоҷикистон ба занон ва сокинони деҳот хизматрасониҳои махсус дастрас месозад ва медонад, ки одатан муассисаҳои молиявӣ ба онҳо хидматрасонӣ намекунанд. Клуби бонувони мо ба ҳазорон занон имконият медиҳад, ки аз омӯзиши ройгони малакаҳо ва саводнокии молиявӣ, инчунин маҳсулотҳои молиявии махсуси барои эҳтиёҷоти онҳо тарҳрезишуда истифода кунанд ва баҳра баранд.

Омӯзиши мизоҷон

Вақте ки ФИНКА омӯзишҳои молиявиро дар баробари маҳсулотҳи қарзӣ ва амонатӣ пешниҳод менамояд, мизоҷон муваффакиятҳои калон ба даст меоваранд. Мо омӯзишҳои ройгони молиявӣ ва техникиро дар мавзӯъҳои гуногун, аз қабили буҷетсозӣ, банақшагирии молиявӣ, рушди кишоварзӣ ва соҳибкорӣ пешниҳод менамоем. Ин пешниҳодҳои омӯзиши молиявӣ махсусан барои занон ва дигар гурӯҳҳои аҳолие, ки таърихан ба ин гуна манбаъҳо дастрасии баробар надоштанд, самарабахш аст.

Хизматрасонӣ ба ҷомеаҳои мо

Мувофиқи кушишҳои мо дар самти сохтани ояндаи беҳтар барои мизоҷони худ, мо ифтихор дорем, ки вақт ва истеъдодҳои худро барои фоидаи ҷомеаҳои худ сарф мекунем. Мо ба амалҳое таваҷҷӯҳ дорем, ки мизоҷон ва тарзи зиндагии онҳоро дастгирӣ мекунанд.