Сармоягузорон ва шарикон
Сармоягузорон ва шарикони ФИНКА Тоҷикистон рисолати моро тавассути пешниҳоди манбаъҳои арзишманд, ки ба бунёди ҷаҳони озод аз камбизоатӣ мусоидат мекунанд, дастгирӣ мекунанд.
ФИНКА Тоҷикистон бо сармоягузорон ва шарикони зиёд ҳамкорӣ мекунад, то имкониятҳои худро дар таъмини фарогирии молиявӣ ба одамони бештар ба ҳадди аксар фароҳам орад. Ин шарикӣ инчунин ба ФИНКА дар бунёди инфрасохтори зарурӣ барои беҳтар кардани таҷрибаи мизоҷон тавассути технологияҳо кӯмак мекунад ва ҳамзамон барои нигоҳ доштани муносибатҳои хубу боэътимод бо мизоҷон мусоидат мекунад, ки ҳамаи он аломати бренди ФИНКА мебошанд.
FINCA Тоҷикистон қисмати шабакаи ҷаҳонии муассисаҳои пешсафи маблағгузории хурд мебошад, ки дорои таъсири иҷтимоӣ FINCA Impact Finance (FIF) аст. FINCA Impact Finance ба ташкилоти сармоягузории иҷтимоии FINCA Microfinance Holding Company LLC (FMH) тааллуқ дорад ва аз ҷониби он идора карда мешавад. Саҳмдори асосии FMH ташкилоти ғайритиҷоратӣ FINCA International, Inc. мебошад, ки дар шаҳри Вашингтон ҷойгир аст ва барои аз байн бурдани камбизоатӣ дар саросари ҷаҳон фаъолият мекунад, дар ҳоле ки KfW дорои ҳиссаи миноритарӣ мебошад. Миллионҳо соҳибкорон ба ӯҳдадории FIFA барои ҳимояи ҳуқуқи мизоҷон ва таҷрибаи беҳамтои онҳо такя мекунанд, то дар бунеди ояндаи беҳтар барои худ, оилаҳо ва ҷомеаҳои худ кӯмак кунанд.









