Амид Ташрифбеков

Директори тиҷоратӣ

Амид Ташрифбеков зиёда аз 20 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкдорӣ ва хизматрасониҳои молиявӣ дорад, аз ҷумла дар вазифаҳои роҳбарикунандаи сатҳи олӣ дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон фаъолият намудааст. Ӯ дорои таҷрибаи васеъ дар самтҳои бонкдории тиҷоратӣ, маблағгузории корхонаҳои хурд, миёна ва соҳибкории инфиродӣ (ММСП), хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, идоракунии хавфҳо, фаъолияти хазинадорӣ ва баланд бардоштани самаранокии амалиётӣ мебошад. Дар тӯли фаъолияти касбии худ, Амид ташаббусҳои муҳими табдили бизнесро роҳбарӣ намуда, маҳсулоти инноватсионии молиявиро ҷорӣ карда ва ба таҳкими самаранокии фаъолияти ташкилотҳо ва низоми идоракунии корпоративӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Дар фаъолияти роҳбарии худ Амид дар вазифаҳои калидӣ дар FINCA Tajikistan, ICB Tajikistan (қаблан FMFB Tajikistan) ва Oasis Credit дар Ӯзбекистон кор кардааст. Ӯ дар рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, таҳияи роҳкорҳои пардохтӣ, беҳтарсозии самаранокии амалиётӣ ва таъмини рушди устувори тиҷорат нақши муҳим бозидааст.

Амид соҳиби дараҷаи Executive MBA дар соҳаи менеҷменти байналмилалӣ аз Донишгоҳи Steinbeis-и Берлин буда, инчунин муҳосиби байналмилалии сертификатдор (CAP/CIPA) ва коршиноси сертификатдор дар соҳаи маблағгузории ММСП мебошад.