Абунаср Шарифов

Раиси молия

Абунаср Шарифов дорои таҷрибаи 27 -сола дар низоми бонкӣ мебошад, ки 19 соли он дар ҷодаи роҳбарӣ дар соҳаи Молия, Хазинадорӣ ва Бонкдорӣ масраф шудааст. Ӯ дорои таҷрибаи васеи менеҷмент, аз ҷумла менеҷменти молиявӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботдиҳӣ ва идоракунии фаъолият мебошад. Қаблан дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда, аз ҷумла сармуҳосиб, сардори молия, хазинадорӣ ва амалиёти бонкӣ ва муовини Раиси Раёсат дар бонкҳои пешбари Тоҷикистон – “Амонатбонк”, “Спитамен Бонк” ва “Аввалин Бонки Молиявии Хурд” адои вазифа кардааст.

Абунаср Алиевич дорои дипломи молияи факултаи Молия ва иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, диплом аз фанни математика аз Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, муҳосиб-амалкунандаи сертификатдори Шӯрои муҳосибон ва аудиторони тасдиқшудаи Авруосиё ва иштирокчии тасдиқшудаи Барномаи шарикии Бонки миллии Тоҷикистон ва Хазинаи амонатҳо барои ҳамкории байналмилалии Finanzgruppe мебошад.