Фирдавс Бохиров

Сардори шӯъбаи ҳуқуқ

Фирдавс Боҳиров таҷрибаи беш аз 20 сол дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ дар бахши давлатӣ ва хусусӣ дорад. Вай фаъолияти худро дар ширкати ҳуқуқшиносии «Лекс» ба ҳайси ҳуқуқшинос оғоз кардааст. Ӯ ҳамчунин дар вазифаи ҳуқуқшинос дар филиали Бонки Эсхата дар Душанбе фаъолият дошт. Солҳои зиёд дар системаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, аз ҷумла, сардори Раёсати марзбонӣ ва муовини сардори Раёсати ҳуқуқии вазорат кор кардааст.

Фирдавс дар сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Русия ва Озарбойҷон низ кор кардааст. Вай коршиноси баландихтисос дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ, дипломатия, гуфтушунидҳои байналмилалӣ, ҳалли баҳсҳо, қонунгузории миллӣ ва қонунгузории бонкӣ мебошад. Бо ифтихорнома ва мукофотҳои гуногун сарфароз гардидааст.

Фирдавс дараҷаи аълои риштаи ҳуқуқи байналмиллалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дипломи аълои равобити байналмилалии Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Русияро дорад. Дар донишгоҳҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти иҷрои қарордодҳои байналмилалӣ, идоракунии марзҳо, амнияти байналмилалӣ, ҳифзи ҳуҷҷатҳо, пешгирии низоъҳо ва иқтисоди ҷаҳонӣ курсҳои гуногуни тахассусиро хатм кардааст.