Хатоҳои молиявие, ки ҳатто одамони зирак ҳам мекунанд

Бисёриҳо фикр мекунанд, ки саводнокии пасти молиявӣ — мушкили касоне аст, ки даромади кам доранд ё ҳисоб карда наметавонанд. Аммо биёед росташро мегӯм: масъалаи пул ба зеҳн вобастагӣ надорад. Он бештар ба одатҳо, эҳсосот ва қарорҳои ҳаррӯза вобаста аст. Ҳатто шахсони оқил низ баъзан хато мекунанд — на аз сабаби надонистан, балки ба хотири одат.

Дар ин мақола мо хатоҳои маъмултарини молиявиро баррасӣ мекунем ва маслиҳат медиҳем, ки чӣ гуна онҳоро ислоҳ кунед. Агар шумо худро шинохтед — ин сабаби шарм нест, балки имконияти хубест барои тағйир додани одатҳои молиявии худ.

  • 1

    «Ман арзандаам!» — ё чаро эҳсосот пулро барбод медиҳад
    Пас аз рӯзи душвор, дар лаҳзаи хурсандӣ ё танҳо барои он ки маош омад, хеле осон аст, ки худро бо чизе шод намоед. Аммо ҳамин “тӯҳфаҳои хурд барои худ” оҳиста-оҳиста ҷамъ шуда, бо гузашти вақт ба молияи шумо зарар мерасонанд.
    Хурсандӣ бояд бошад, аммо бо ҳисси андоза. Масалан, ҳафтае як миқдори муайяни пулро барои хоҳишҳои шахсӣ ҷудо кунед. Инчунин — ҳадди ақал ҳисоби тахминӣ нигоҳ доред, то вазъи воқеиро бубинед. Лаҳзаи муҳим: пасандозро аз маблағи кам оғоз намоед — масалан, 10% маошро ҳар моҳ канор гузоред. Яке аз роҳҳои боэътимоди сарфаи пул — пасандоз дар ФИНКА Тоҷикистон аст. Ин одати хуби сарфаҷӯиро устувор мекунад — бе он ки аз лаззат бурдани зиндагӣ даст кашед.

  • 2

    Сармоягузорӣ «аз рӯйи шиносӣ»
    Маслиҳат аз дӯсти наздик гӯё боварбахш садо медиҳад: «ҳама аллакай сармоягузорӣ карданд», «ин боэътимод аст», «30% солона меорад». Аммо агар саволҳо дар саратон боқӣ монданд ва моҳияти пешниҳоди сармоягузориро нафаҳмидед — беҳтараш, аз он даст кашед.
    Устувории молиявӣ аз қарорҳои фаҳмопазир оғоз мешавад. Масалан, пасандоз бо шартҳои шаффоф — айнан ҳамонест, ки ФИНКА Тоҷикистон пешниҳод мекунад. Дониш бошад, ҳамеша беҳтарин сармоя аст, хусусан пеш аз он ки пул ба кор дароянд.
    Шинос шавед бо пешниҳоди мо: Депозитҳо | FINCA Tajikistan

  • 3

    «Имзо кардам, вале хонда набудам…»
    Бисёриҳо танҳо ба гуфтори мушовир такя мекунанд ё бо ҳуҷҷатҳо шинос нашуда, онҳоро дарҳол имзо мекунанд. Аммо маҳз дар он навиштаҷотҳо метавонанд комиссияҳои пинҳонӣ, ҷаримаҳо ва маҳдудиятҳои нохуш паноҳ бошанд, ки дар оянда шуморо ногаҳон ба ташвиш хоҳанд овард.
    Хондани шартнома — эҳтиром ба худ ва пули шумост. Дар ФИНКА Тоҷикистон мутахассисон шартҳоро бо шакли содда мефаҳмонанд, то ҳама чиз ба шумо фаҳмо шавад. Ин қоида на танҳо дар мо, балки дар ҳама ҳолат бояд риоя шавад.

  • 4

    «Муҳимаш, ки ба назар хуб расам»
    Телефон ба қарз, либос ба насия, мошин ба иҷора — ҳамаи ин барои намоиши сатҳи зоҳиран муваффақ аст. Аммо дар асл — изтироб ва фишори молиявӣ мебошад.
    Афзалиятҳоро дуруст ҷобаҷогузорӣ муҳим аст: аввал — амният, манзил, саломатӣ, пасандоз. Баъд — боқимонда. Озодӣ, на таассурот — нишондиҳандаи ҳақиқии эътимоди молиявист.

  • 5

    Бе пасандоз — ҳамеша дар изтироб ҳастед
    Ҳангоме ки маблағ надоред, ҳар як ҳолати ҳатто хурд ҳам шуморо асабӣ мегардонад: боздид аз духтур, сафар, вайроншавии мошин ё техника. Ҳатто рухсатӣ ба ҷои шодӣ, изтироб меорад.
    Пасандозҳои хурди мунтазам — ибтидои рушди молиявии шумост. Масалан, пасандоз дар ФИНКА Тоҷикистон, ки бо шартҳои муфид дастрас аст.Муҳим он аст, ки одати нигоҳ доштани онро пайдо кунед. Ин на дар бораи сарват, балки дар бораи оромӣ ва ҳифзи худ ва наздикон аст.

Камолоти молиявӣ — ин на танҳо рақам аст

Ин:
– Қобилияти бо шуур аз хароҷотҳои зиёдатӣ худро манъ кардан
– Омодагӣ ба худ гуфтан: «ҳозир не»
– Ва интихоби шарики боэътимод, ки шуморо ба ҳадафҳоятонмерасонад
 ФИНКА Тоҷикистон дар ҳар қадам бо шумост. Аз пасандози аввал то озодии молиявии пурэътимод.