Чаро пасандоз роҳи боэътимоди сарфаи пул аст?

Пасандоз дар ФИНКА роҳи боэътимод ва қулайи идоракунии маблағҳои худ мебошад. Пасандоз ба шумо имкон медиҳад, ки на танҳо пулро сарфа кунед, балки ба шарофати фоизҳо онро зиед намоед. Баръакси воситаҳои сармоягузории хатарноктар, пасандоз устуворӣ ва пешгӯиро таъмин мекунад ва аз ин сабаб барои бисер одамон интихоби ҷолиб аст.

Раванди кушодани суратҳисоби пасандоз хеле содда ва барои ҳама дастрас аст. Ба шумо дониши амиқи молиявӣ лозим намегардад - танҳо мӯҳлат ва маблағи ба худ мувофиқро интихоб карданатон кифоя аст. Технологияҳои муосир бошад ба шумо имкон медиҳанд, ки пасандози худро ба осонӣ онлайн пур намоед, масалан тавассути хизматрасонии FINCA Online, ки барои пур кардан ва афзун намудани пасандоз дар вақти дилхоҳ қулай аст.

Ба ғайр аз он, мо пасандозҳоро бо шартҳои гуногун пешниҳод менамоем, ки ба ҳар як мизоҷ имкон медиҳад мувофиқи ҳадафҳо ва афзалиятҳои худ ҳалли мувофиқтаринро пайдо намояд. Ин имкон медиҳад, ки молияи худро тағийрпазир ба нақша гирифта, ба оянда дилпурона назар кунед.

Якчанд афзалиятҳои пасандозро мебинем:
  • 1
    Кафолати бехатарии маблағҳо
    Пасандозҳо дар ФИНКА аз ҷониби Хазинаи Суғуртаи Пасандозҳо суғурта карда шудааст, ки ҳифзи пули шуморо таъмин месозад.
  • 2
    Даромади собит
    Шумо аниқ медонед, ки пас аз гузаштани мӯҳлати пасандоз чӣ қадар маблағ ба даст меоред ва он ба шумо имкон медиҳад буҷети худро ба нақша гиред.
  • 3
    Тағйирпазирии шартҳо
    Мо шартҳои гуногуни пасандозҳоро пешниҳод менамоем — бо мӯҳлатҳо ва меъерҳои фоизи гуногун, инчунин бо шартҳои бозпас гирифтани маблағи пасандоз. Ҳамаи ин ба шумо имкон медиҳад, ки пасандози аз ҳама мувофиқро барои худ интихоб кунед.
  • 4
    Капитализатсияи фоизҳо
    дар баъзе пасандозҳо капитализатсияи фоизҳо мавҷуд аст, яъне фоизи ҳисобшуда ба маблағи асосии пасандоз илова карда мешавад. Ин ба шумо имкон медиҳад, ки аз ҳисоби зиед кардани даромади умумии худ аз фоизҳо боз фоиз ба даст оред.

Ҳамин тариқ, кушодани пасандоз барои онҳое, ки мехоҳанд маблағҳои худро пасандоз кунанд ва онҳоро самаранок созанд, хеле муҳим аст. Пасандозро худи имрӯз кушоед ва даромади устувору бехатар ба даст оред!

Суратҳисоби амонатии

Дастрасии озод ба пул ва даромади устувори фоизҳо

Пасандози Фоиданок

Даромади ҳадди аксар аз пасандоз – то 20%