Пардохтҳои ғайринақдӣ: афзалиятҳо ва имкониятҳо

Дар ҷаҳони имрӯза пардохтҳои ғайринақдӣ торафт маъмултар мешаванд ва ин комилан тасодуфӣ нест. Он афзалиятҳоеро пешниҳод мекунад, ки идоракунии молияи шуморо осонтар ва бехатар месозад. Пардохтҳои ғайринақдӣ метавонанд тавассути баъзе барномаҳои мобилӣ е хизматрасониҳои бонкӣ, ба монанди FINCA Online ва инчунин тавассути кортҳои бонкӣ анҷом дода шаванд. Агар шумо то ҳол аз ин фурсат истифода накарда бошед, биеед бубинем, ки чаро пардохтҳои ғайринақдӣ аз пули нақд беҳтар ҳастанд.

  • Қулай
    Тасаввур кунед: ба шумо дигар лозим нест, ки ҳамёну дигар чизҳои хурдро барои ҷо намудани пул бо худ гиред е банкомати наздиктаринро ҷустуҷӯ намоед! Дар чунин ҳолат беҳтар аст, ки аз пардохтҳои ғайринақдӣ истифода баред. Масалан, бо истифода аз корти ФИНКА е хизматрасонии FINCA Online, шумо метавонед зуд ва ба осонӣ харидҳои худро пардохт кунед ва ба дӯстону наздиконатон маблағ интиқол диҳед.

  • Сарфаи вақт
    Бо барномаҳои мобилӣ ва хизматрасониҳои онлайн, ба монанди FINCA Online, шумо метавонед хизматрасониҳои коммуналӣ ва андозҳоро пардохт намоед, ба дӯстон ба кортҳо ва ҳаменҳои мобилӣ ва инчунин ба Русия ва Узбекистон бидуни тарки хона пул интиқол диҳед. Ин вақти шуморо сарфа мекунад ва раванди пардохтро осонтар ва қулайтар месозад.

  • Амният
    Пардохтҳои ғайринақдӣ сатҳи баланди амниятро пешниҳод мекунанд. Пули шумо бо технологияи махсус ҳифз карда мешавад ва агар шумо кортро гум кунед, шумо метавонед онро зуд тавассути тамос бо бонк хомӯш кунед. Мутаассифона, пули нақд метавонад гум е дуздида шавад ва баргардонидани он ғайриимкон хоҳад буд.

  • Назорат ва банақшагирии хароҷотҳо
    Вақте ки шумо пардохтҳои ғайринақдиро истифода мебаред, ҳамаи харидҳои шумо дар як ҷо сабт карда мешаванд. Масалан, агар шумо тавассути хизматрасонии FINCA Online маблағ интиқол диҳед е харидҳоро пардохт кунед, пас интиқол ва пардохтҳои шумо дар он сабт карда мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки шумо ҳамеша метавонед бубинед, ки пулро барои чӣ сарф кардаед. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки хароҷотҳоро назорат кунед ва буҷаи худро беҳтар ба нақша гиред.

Пардохтҳои ғайринақдӣ на танҳо ҳозирзамон ҳастанд, балки роҳи қулай ва бехатари идоракунии молияи шумо мебошанд. Онҳо амалиётҳои ҳаррӯзаи шуморо осон ва гуворо мекунанд. Агар шумо ҳоло ҳам ин усули пардохтҳоро санҷида набошед, шояд вақти он расидааст, ки тамоми манфиатҳои онро кашф кунед! Хизматрасонии бехатар ва қулайи FINCA Online ва кортҳои "Корти миллӣ" аз ФИНКА ба шумо дар ин кор кӯмак мекунад.