Болишти амнияти молиявӣ: барои чӣ он лозим аст?

Болишти амнияти молиявӣ - ин захираи маблағҳо барои пӯшонидани хароҷоти ғайричашмдошт, ба монанди ниёзҳои тиббӣ е аз даст додани ҷои кор мебошад. Он барои пешгирӣ аз қарз кӯмак мекунад ва фишори молиявиро коҳиш медиҳад.

Чӣ қадар маблағ сарфа бояд кард?

Тавсия дода мешавад, ки пасандозҳо ба 3-6 моҳи хароҷоти мунтазами шумо баробар бошанд. Масалан, агар хароҷоти моҳонаи шумо 5000 сомониро ташкил диҳад, пасандози шумо бояд аз 15 000 то 30 000 сомонӣ бошад.

Чӣ тавр ба ташкили болишти амнияти молиявӣ шурӯъ бояд кард?
  • 1

    Мақсад гузоред: маблағи заруриро барои мавҷудияти бароҳат дар сурати аз даст додани даромад муайян кунед.

  • 2

    Буҷет созед: хароҷотҳои худро таҳлил кунед ва роҳҳои кам кардани онҳоро пайдо кунед.

  • 3

    Пасандозро оғоз намеод: ҳар моҳ миқдори кам ҷудо кунед. Ҳатто 10% даромади шумо метавонад бо мурури замон аз ҳисоби пасандозҳо афзоиш ебад.

  • 4

    Дар бонк суратҳисоб (пасандоз) кушоед: суратҳисобҳои бонкӣ яке аз роҳҳои беҳтарини пасандоз ҳисобида мешаванд. Онҳо ба шумо кӯмак мекунанд, ки нақшаи молиявиро риоя намоед ва аз васвасаи харҷ кардани пул канорагирӣ кунед, зеро пасандозҳо бо саъю кӯшиши кам ҷамъ мешаванд. Ин равиш ба ташкили болишти амонатии молияаӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои дарозмуддат мусоидат мекунад.

  • 5

    Ҳадафи худро мунтазам аз нав дида бароед: ҳадафҳои молиявии худро арзебӣ кунед ва дар ҳолати зарурӣ онҳоро танзим кунед.

Манфиатҳои болишти амнияти молиявӣ
  • 1

    Шумо аз ҳолатҳои ғайричашмдошт эмин хоҳед буд: пасандоз ба шумо имкон медиҳад, ки хароҷоти ғайричашмдоштро бидуни қарз ҳал намоед.

  • 2

    Боварӣ ба оянда: мавҷудияти пасандоз нигарониҳо ва ташвиши шуморо кам карда, ба қабули қарорҳои оқилонаи молиявӣ мусоидат мекунад.

  • 3

    Паст кардани ташвиш: донистани он ки шумо пасандоз доред, оромӣ мебахшад.

  • 4

    Имконияти сармоягузорӣ: пас аз он ки шумо захираи молиявӣ доред, шумо метавонед ба сармоягузорӣ барои даромади иловагӣ шурӯъ намоед.

Болишти амнияти молиявӣ - қадами муҳим ба сӯи суботи молиявии шумост. Бо гузоштани ҳадаф оғоз кунед ва тадриҷан барои расидан ба амал кунед; ҳатто маблағҳои хурд метавонанд ба пасандозҳои назаррас оварда расонанд.