Чӣ тавр ман метавонам пулро бехатар сарфа кунам?

Сарфа кардан ба монанди нигоҳ доштани чизҳо барои истифодаи минбаъда аст. Ду роҳи асосии сарфаи пул вуҷуд дорад: шумо метавонед онро дар хона нигоҳ доред ё ба суратҳисоби бонкӣ гузоред.

Нигоҳ доштани пул дар хона метавонад қулай ба назар расад, аммо он хатарҳои худро дорад. Дар натиҷаи беқурбшавӣ арзиши пул метавонад паст шавад ва инчунин эҳтимоли вайрон шудан ё гум шудани он вуҷуд дорад. Илова бар ин, агар шумо дар хона пул дошта бошед, шояд шумо васвасаи сарф кардани онро пайдо кунед.

Роҳи беҳтарин барои сарфа кардани пул ин нигоҳ доштани он дар бонк аст. Якчанд афзалиятҳои нигоҳ доштани пулро дар бонк номбар мекунем:
  • Шумо даромад хоҳед гирифт: баръакс и нигоҳ доштани пул дар хона, пасандозҳои бонкӣ ба шумо имкон медиҳанд, ки даромади фоизии иловагӣ гиред.
  • Пасандозҳои шумо бештар ҳифз мешаванд: пули шумо дар суратҳисоби бонкӣ гузошташуда ҳам аз нобудшавии ҷисмонии пул ва тангаҳо ва ҳам аз азхудкунии ғайриқонкнӣ эмин хоҳад буд. Гайр аз ин пасандозхо аз хисоби фонди сугуртаи давлатии амонатй сугурта карда мешаванд.

  • Шумо пасандозҳои худро беасос сарф нахоҳед кард: пасандоз ва нигоҳ доштани пул дар суратҳисоби бонкӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки аз хароҷотҳои зиёдатӣ худдорӣ кунед.

Пасандози Бону

Бо пасандози махсус барои занон пулҳои худро сарфа кунед ва зиёд кунед.

Пасандози Кӯдакона

Ба ояндаи фарзандатон сармоягузорӣ кунед ва ҳам фарзанди худ ва ҳам пасандозатонро бубинед.