Меъёри фоизи қарзи ман чӣ қадар хоҳад буд?

Гирифтани қарз - ӯҳдадории ҷиддӣ аст, ки ниёзҳои мушаххаси шуморо қонеъ мегардонад. Муҳим аст, ки онро ҳаматарафа дида бароед, муқоиса кунед ва қарзеро интихоб кунед, ки ба эҳтиёҷоти шумо мувофиқат кунад ва аз ҷиҳати хароҷоте, ки шумо бояд дар давоми мӯҳлати қарз пардохт кунед, муфид бошад.

Барои осонтар кардани интихоб аз рӯи арзиш, шумо бояд пешакӣ тамоми хароҷотҳои пешбинишудаатонро вобаста ба гирифтани қарз дида бароед. Шумо метавонед нархҳои воқеиро дар саҳифаи Офертаҳои оммавӣ пайдо кунед

Барои қулай буданаш, мо хароҷотҳоро ба якчанд гурӯҳҳои маъмулии хароҷот гурӯҳбандӣ кардем:
  • Фоиз: маблағест, ки аз қарзи додашуда ситонида мешавад. Ин хароҷотест, ки қарзгиранда дар тӯли мӯҳлати қарз ба қарздиҳанда пардохт мекунад. Фоиз дар шартномаи қарз ҳамчун меъёри фоизи номиналӣ ишора шудааст.

  • Пардохти хизматрасонии суратҳисоб: Вақте ки ба қарзгирадна қарз дода мешавад, аз рӯи қоида, суратҳисоб низ кушода мешавад. Одатан, хизматрасонии суратҳисоб пулакӣ аст ва комиссия муқаррар карда мешавад.

  • Комиссияҳои вобаста ба додани қарз: барои додани қарз ва хизматрасонии минбаъдаи қарз комиссия муқарраршуда аз мизоҷ ситонида мешавад (комиссия барои тасдиқи қарз/додани қарз; комиссия барои пӯшидани қарз; комиссия барои хизматрасонии суратҳисоб).

  • Хароҷотҳи таъмини баргардонидани қарз: бақайдгирии гарав, инчунин бекор кардани бақайдгирӣ пас аз баргардонидани қарз бо хароҷотҳои муайян алоқаманд аст: ба гарав гузоштани амволи ғайриманқул ва хароҷоти пардохти гарав; харочоти бакайдгирии гарави молу мулки манкул ва бекор кардани бакайдгирии гарав.

  • Хароҷотщои суғурта: щангоми гирифтани қарз шояд ба шумо лозим мегардад, ки саломатии қарзгиранда ва/ё амволе, ки ба гарав пешниҳод шудааст, суғурта намоед, ин ҳам бо хароҷотҳои иловагӣ алоқаманд аст.

Қарз барои рушди кишоварзӣ

Бо қарзи мо уфуқҳои нави тиҷорати худро дар соҳаи кишоварзӣ омӯзед, ки барои рушди рушд пешбинӣ шудааст.

Қарзи соддакардашуда

Дастрасии босуръати қарзҳоро то 10 000 сомонӣ эҳсос кунед.