Чӣ тавр “ҳадафҳои хурд” метавонанд буҷаи калонро наҷот диҳанд?

Қадам ба қадам нақша кашед ва пул барои шумо кор хоҳад кард.

Имрӯзҳо гуфтан дар бораи ҳадафҳои бузурги молиявӣ маъмул шудааст. Масалан: «Пул ҷамъ кардан барои хонаи шахсӣ», «Эҷоди болишти амниятӣ», «Расидан ба даромади иловагӣ» - ин суханон илҳомбахшанд, вале ҳамзамон метавонанд инсонро ноумед созанд.

Чаро? Зеро байни 100 сомонии имрӯза дар кисаатон ва орзуи суботи молиявӣ масофаи калон мавҷуд аст. Шояд чунин намояд, ки дер шудааст ё ин кор маъное надорад. Вале ин тавр нест.

Қувваи ҳадафҳои хурди молиявӣ

Ҳадаҳои хурд — қадамҳои мушаххас ва дастрас мебошанд, ки натиҷаҳои аввалия медиҳанд ва ҳисси назоратро ба вуҷуд меоранд. Масалан:

  • Ҷамъ намудани 50 сомонӣ дар як ҳафта барои ҳолатҳои фавқулода

  • Аз як хариди бенақша дар як рӯз худдорӣ кардан

  • Пасандоз кардани 10 сомонӣ пас аз ҳар даромади гирифта

  • Пардохт намудани сеяки қарз дар як моҳ бе таъхир

Ҳадафи хурд мисли зинапоя аст. Қадаме ба боло, ки на танҳо буҷаи шуморо беҳтар мекунад, балки эътимод ба нафсро низ зиёд мекунад.

Чаро ҳадафҳои хурд самарабахшанд?
  • 1

    Ҳавасмандиро нигоҳ медоранд
    Ҳадафҳои калон метавонанд ноумед созанд, чунки шояд ба онҳо зуд намерасед. Вале ҳадафҳои хурд натиҷаи зуд медиҳанд — ва ин барои идома додан илҳомбахш аст.

  • 2

    Чунин ҳадафҳо ба ҳаёти ҳаррӯза осон мутобиқ мегарданд
    Ҳадафҳои хурд талаб намекунанд, ки шумо аз ҳама чиз даст кашед. Масалан, пасандоз кардани 5 сомонӣ баъди ҳар маош — ин осон ва воқеист.

  • 3

    Одатҳои молиявии солимро ташаккул медиҳанд
    Қадамҳои хурди доимӣ ба шумо кӯмак мекунанд:
    • пасандоз карданро ёд гиред,
    • хароҷотро ба нақша гиред,
    • аз харидҳои худсарона худдорӣ намоед.
    Бо мурури замон ин одатҳо ба як қисми зиндагии шумо табдил меёбанд.

  • 4

    Ҳисси изтиробро кам мекунанд
    Аксарияти одамон аз он нороҳат мешаванд, ки наметавонанд маблағи зиёд ҷамъ кунанд. Вале ҳадафҳои хурд ин ҳиссиётро кам мекунанд — зеро шумо медонед, ки аллакай амал карда истодает. Ин ҳисси бовариро меафзояд.

Чӣ гуна ҳадафҳои хурдро дуруст муайян кардан мумкин аст?
  • 1

    Ҳадаф бояд мушаххас бошад
    Масалан: “Ҳар ҷумъа 10 сомонӣ пасандоз мекунам”.

  • 2

    Бо одати рӯзмарра пайваст намоед
    Масалан: ҳар рӯз маблағи баробар ба сарфи роҳкирои ҳаррӯзаи худ пасандоз кунед.

  • 3

    Пешрафти худро қайд намоед
    Календари оддӣ, ёддоштҳо дар телефон, дафтарча — ҳамааш кӯмак мекунад, ки натиҷа намоён бошад ва одат мустаҳкам гардад.

Чӣ гуна МДО «ФИНКА Тоҷикистон» ба шумо дар расидан ба ҳадафҳо кӯмак мекунад?

Дар ФИНКА Тоҷикистон мо боварӣ дорем, ки: роҳи суботи молиявӣ аз амалҳои хурд оғоз меёбад. Ҳатто саҳми хурд, вале доимӣ, дар ояндаи шумо аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ мо:

  • Маҳсулотҳои пасандозӣ пешниҳод мекунем, ки ба шумо кӯмак мекунанд зина ба зина маблағ пасандоз намоед.
    Бо маҳсулотҳои мо метавонед аз ин изтироб шинос шавед: https://finca.tj/tg/save/

  • Машварат медиҳем — чӣ гуна депозитро интихоб кардан, ҳадаф гузоштан ва онро риоя кардан

  • Кӯмак мекунем, ки одатҳои солими молиявӣ ба худ қабул намоед: пасандоз кардан, идоракунии даромад, тарси банақшагириро паси сар кардан

Ҳадафҳои хурд + шарики боэътимод = эътимоди бузурги молиявӣ

Суботи молиявӣ ногаҳон ба даст намеояд. Он аз қарорҳои хурд, вале сари вақт қабулшуда сохта мешавад. Аз як ҳадафи оддӣ оғоз кунед. Онро ба одат табдил диҳед. Вақте ба гузашта нигоҳ мекунед — мебинед, ки чӣ қадар пеш рафтаед.