Буҷетро бояд чӣ тавр ба нақша гирифт

Буҷет нақшаест, ки шумо онро барои муайян кардани он месозед, ки пули худро дар як давраи муайян (ҳар рӯз, ҳафта, моҳ, сол) чӣ тавр сарф мекунед ва ин нақша ба шумо нишон медиҳад: чӣ қадар пул кор мекунед ва чӣ гуна онро сарф мекунед.

Банақшагирии буҷет хеле осон аст:
  • Ҳисобномаҳо ва расидҳои худро ҷамъоварӣ карда, ба нақшагирии буҷет оғоз кунед: фикр кунед, ки чӣ тавр шумо пулро ба ғайр аз пардохти ҳисобномаҳо сарф мекунед. Масалан, шумо ҳар рӯз як пиёла қаҳва мехаред? Ё ин ки шумо барои таҳсил ё вақтхушӣ сарф мекунед? Пас аз як моҳ, пули қаҳва, таҳсил ва вақтхушӣ метавонад ба хароҷоти шумо илова карда шавад.

  • Вақте ки шумо ҳисобномаҳо ва расидщоро мегиред хароҷотҳои худро нависед (чанд пул сарф кардед).

  • Чӣ қадар пул кор мекунед нависед, ба ибораи дигар, даромади шумо чӣ қадар аст.

  • Хароҷотҳои худро аз пули коркардаатон ҳисоб карда бароред.

  • Агар ин рақам аз сифр камтар бошад, пас шумо назар ба даромадатон бештар пул сарф мекунед. Диққат диҳед, ки дар буҷети шумо чиро тағйир додан мумкин аст. Шояд ба шумо аз байни хароҷотҳоятон чизе зарур набошад ва роҳи камтар сарф кардан вуҷуд дорад.