Дигар тавсияҳо оиди банақшагирии буҷет

Хароҷоти ҳатмӣ ва ғайриҳатмиро ҷудо кунед.

Хароҷотҳои ҳатмӣ: он хароҷотҳое аст, ки аз онҳо рад кардан қариб ғайриимкон аст, ки барои нигоҳ доштани некӯаҳволӣ ва саломатии шумо (барқ, об ва ғайра), иҷораи манзил (агар шумо ҷои истиқоматиро иҷора мегиред), пардохти қарз (агар шумо қарз дошта бошед), хароҷоти хӯрокворӣ ва нақлиёт, пардохтҳои суғуртавӣ (агар шумо суғурта дошта бошед) ва дигар.

Хароҷотҳои ғайриҳатмӣ: Ҳама хароҷотҳои дигаре, ки барои некӯаҳволии шумо муҳим нестанд. Намунаҳои хароҷотҳои ғайриҳатмӣ метавонанд инҳо бошанд: чиптаҳо ба кино, пардохти такси ба ҷои нақлиёти ҷамъиятӣ, пардохти ташрифи қаҳвахона ё тарабхона ба ҷои бо худ гирифтани хурок аз хона барои нисфирӯзӣ ва ғайра.

Тақсимоти хароҷот ба ҳатмӣ ва ғайриҳатмӣ:
  • 1
    Ба шумо дар афзалият додани хароҷотҳои худ кӯмак мекунад, ва дар натиҷа, шумо метавонед аз харидани чизҳои нолозим худдорӣ намоед
  • 2
    Шуморо аз қабули қарорҳои беихтиёрона ва харҷи беҳудаи пул нигоҳ медорад
  • 3
    Ба шумо дар қабули қарорҳои оқилона ва сарфи оқилонаи пул кӯмак мекунад
  • 4

    Барои сарфа кардани пули бештар, расилан ба мақсад гузоштаатон ва барои омода будан ба ҳолатҳои гуногуни ҳаётии ғайричашмдошт ба шумо кӯмак мекунад

Дар натиҷа буҷети шумо метавонад барои сарфа кардани пул барои оянда ба шумо кӯмак кунад. Шумо метавонед роҳҳои камтар сарф кардани пулро пайдо кунед. Баъдан шумо имкон пайдо мекунед ҳар моҳ пул сарфа кунед.