
Низоми суғуртаи пасандозҳо чист?
Низоми суғуртаи пасандозҳо барои шахсони воқеӣ – ин маҷмӯи тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии амонатгузорон тавассути пардохти ҷуброни суғуртавӣ ба пасандозгузорони ташкилотхои қарзӣ, ки ба фонди суғуртаи пасандозҳои инфиродӣ дохил мешаванд.
Мақсади низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ таъмини суботи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла нигоҳ доштани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ мебошад.
Асосҳои фаъолияти низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» танзим карда мешаванд. Бо мақсади таъмини самараноки низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ Фонди суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд Фонд) амал мекунад. Фонд ба пасандозгузорон ҳангоми фаро расидани ҳодисаи суғуртавӣ ҷуброни суғурта медиҳад, феҳристи ташкилотҳои қарзие, ки ба низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дохиланд, пеш мебарад ва инчунин аз ташкилотҳои қарзӣ пардохтҳо ҷамъ намуда онҳоро баҳисобгирӣ мекунад.

