
Чаро нархҳо гарон мешаванд? Бо забони оддӣ дар бораи инфлятсия ва таъсири он ба зиндагии шумо
Ҳар яки мо ҳадди ақал як маротиба дидаем, ки маҳсулоти дӯстдошта қимматтар мешавад, вале буҷети мо - камтар. Ин аст зуҳури инфлятсия. Аммо инфлятсия дар асл чист? Чаро он ба вуҷуд меояд? Ва муҳимтар аз ҳама — он чӣ гуна ба молия, харид ва пасандозҳои мо таъсир мерасонад?
Дар ин мақола мо ин мафҳумро бо забони оддӣ мефаҳмонем ва кӯмак мекунем, ки равандҳои иқтисодиро, ки ба ҳар кас таъсир мерасонанд, беҳтар дарк намоед.
Инфлятсия чист?
Инфлятсия — ин болоравии умумии нархи молҳо ва хизматрасониҳо дар иқтисод дар давоми як муддати муайян аст.
Агар имрӯз як дона нони сафед 5 сомонӣ бошад, вале баъд аз як сол 6 сомонӣ шавад, пас сатҳи инфлятсия 20% мебошад. Ин маънои онро дорад, ки қудрати харидории пул кам шудааст: бо ҳамон 100 сомонӣ шумо нисбат ба пеш камтар мол харида метавонед.
Чаро инфлятсия ба вуҷуд меояд?
Инфлятсия метавонад аз сабабҳои гуногун ба вуҷуд ояд. Муҳимтаринашон:
- 1
Болоравии арзиши истеҳсол
Вақте ки ашёи хом, нерӯи барқ, нақлиёт ё маоши коргарон
гарон мешавад — истеҳсолкунандагон нархҳоро боло мебаранд, то фоидаи худро нигоҳ доранд. - 2
Афзоиши талабот
Агар пули мардум бештар шавад, вале молу маҳсулот намерасад, нархҳо боло мераванд — ин инфлятсияи талабот ном дорад. - 3
Омилҳои давлатӣ
Баъзан давлатҳо пулро бештар аз ниёзи иқтисод чоп мекунанд, ки ин низ боиси камқурбшавии пул мегардад.
Чӣ гуна инфлятсия ба мо таъсир мерасонад?
Оё ин ҳамеша бад аст?
Чӣ бояд кард, то аз инфлятсия худро муҳофизат кунем?
5 қадами оддӣ:
- 1
Ҳисоб кардани пул — даромад ва хароҷоти худро назорат кунед.
- 2
Ҳама маблағро нақд нигоҳ надоред — онҳоро дар депозит бо фоиз гузоред.
- 3
Захира созед — на камтар аз 10% даромади моҳонаро пасандоз кунед.
- 4
Бо ақл харид кунед — харидҳоро пешакӣ банақшагирӣ намоед, аз қарзҳои беҳуда ва хароҷоти эҳсосотӣ худдорӣ кунед.
- 5
Ба боэътимодон бовар кунед — ба ташкилотҳои боэътимод, мисли МДО «ФИНКА» Тоҷикистон, муроҷиат намоед.

