12-06-2025

Амният – пеш аз ҳама! Кормандони ФИНКА Тоҷикистон омӯзишҳо оид ба баланд бардоштани амният дар ҷойҳои корӣ гузаштанд

Аз моҳи апрел то майи соли 2025 намояндаи хадамоти оташнишонии ФИНКА Тоҷикистон дар ҳамаи филиалҳо, аз Саридора сар карда, як қатор омӯзишҳо баргузор кард. Мақсади асосии омӯзишҳо баланд бардоштани дониши кормандон дар соҳаи ҳифзи меҳнат, бехатарии сӯхтор ва ҷисмонӣ, санитария ва амал дар ҳолатҳои фавқулодда буд.

Дар Саридораи ФИНКА Тоҷикистон бо иштироки намояндаи хадамоти зидди сӯхтор омӯзиш гузаронида шуд, ки дар он қоидаҳои кори бехатар, нигоҳдории доруқуттиҳо, расонидани ерии аввал ва муносибати масъулиятнок ба амволи ташкилот муҳокима карда шуд. Инчунин кормандон аз санҷиш гузаштанд, ки натиҷаҳои он сатҳи баланди омодагии онҳоро нишон дод.

Ба ғайр аз ин дар ҳамаи филиалҳо шароити меҳнат санҷида шуда, ниезҳо ва камбудиҳо муҳокима карда шуданд. Кормандон ба риояи меъерҳои бехатарӣ муносибати ҷиддӣ нишон дод, ки аҳамияти масъулияти ҳар яки моро барои амнияти атрофиен таъкид мекунад.

Ба худ ва ҳамкорони худ ғамхорӣ кунед – амният аз мо оғоз мешавад!