22-06-2024
Аъзоёни Клуби Бонувони FINCA дар озмуни “Бонуи соҳибкори муваффақ” мукофотонида шуданд
21 июни соли соли ҷорӣ озмуни 25 соҳибкорзани муваффақи Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон бо дастгирии Бонки дилли Тоҷикистон бо мақсади дастгирии бонувони соҳибкор ҷамъбаст гардид.
Дар ин озмун аъзоёни Клуби Бонувони FINCA низ – Одинаева Ҳалимамо ва Аскарова Барнохон дар номинатсияи “Бонуи маваффақи соҳибкор дар соҳаи ҳоҷагии қишлоқ” ғолиб омаданд ва бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуданд.
Мо бо ғолибияти арзанда ин ду бонувони муваффақро самимона табрик менамоем ва дар ҷодаи интихобнамудаашон комёбиҳои беназирро тамано дорем.
Бояд қайд кард, ки Одинаева Ҳалимамо ва Аскарова Барнохон на танҳо аъзоёни Клуби Бонувони FINCA ҳастанд, балки дар муддати дароз мизоҷи ФИНКА шуда, бо мо ҳамкорӣ мекунанд ва фаъолияти соҳибкории худро пеш мебаранд.


