05-05-2025
Илҳом ва таълим: Муаррифии Coca-Cola барои аъзоёни Клуби бонувони ФИНКА
1 майи соли ҷорӣ дар доираи ҳамкорӣ бо ширкати Coca-Cola ва лоиҳаи он “Хохари ман”, ки ба рушди бонувони соҳибкор равона шудааст, барои иштирокчиени Клуби бонувони ФИНКА презентатсияи ҷолиб дар бораи ширкати Coca-Cola ва инчунин экскурсия дар корхона гузаронида шуд.
Иштирокчиени чорабинӣ имкон пайдо карданд, ки дар бораи таърих ва арзишҳои ширкат ва чӣ гуна Coca -Cola занонро дар тиҷорат дастгирӣ мекунад, маълумот гиранд. Презентатсия хеле ҷолиб буда, иштирокчиен дар бораи стратегияи фаъолияти ширкат ва саҳми он дар рушди соҳибкории иҷтимоӣ маълумоти амиқ гирифтанд.
Пас аз муаррифӣ, иштирокчиен ба экскурсияи корхона рафтанд, ки дар он ҷо онҳо тавонистанд равандҳои истеҳсолиро дар амал бубинанд ва дар бораи технологияҳои муосири истеҳсоли нӯшокиҳо маълумот гиранд. Экскурсия ҷолиб гузашта, дар байни иштирокчиен саволҳо ва мубоҳисаҳои зиедеро ба вуҷуд овард.
Ин чорабинӣ барои бонувони соҳибкор имконияти хуб барои васеъ намудани дониши худ ва илҳом бахшидан ба ғояҳои нав барои тиҷорати онҳо таъмин кард. Мо умедворем, ки чунин ташаббусҳо ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар байни занон мусоидат карда, мавқеи онҳоро дар бозор мустаҳкам хоҳанд кард.





